Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ғарби Қазоқистон вазъи фавқулода эълом шуд


Чорвопарварони ноҳияҳои ҷанубии вилояти Қазоқистони Ғарбӣ дар шаҳри Уралск ҷамъ омада, дар робита ба норасоии ғизои чорво дар минтақа изҳори нигаронӣ кардаанд.

Онҳо мегӯянд, барои баргузор кардани ҳамоиши эътирозӣ ба шаҳрдории Уралск дархост фиристоданд, вале посухи рад гирифтаанд.

Дар ду ноҳияи ҷанубии Қазоқистони Ғарбӣ ба далели норасоии ғизои чорво дар пайи хушксолӣ вазъи фавқулода эълом шуда, дар ду ноҳияи дигар қисман эълом кардаанд.

Ба гуфтаи чорвопарварони қазоқ, ягон ниҳоди давлатӣ барои ҳалли мушкили онҳо чора намеандешад.

Мақомоти маҳаллӣ ба чорводорон пешниҳод кардаанд, ки барои ҳалли мушкил чорвоҳои худро камтар кунанд. Ҳарчанд қаблан барномаҳои давлатӣ ба афзоиши чорво даъват мекарданд.

Муовини раиси вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ Калияр Айтмухамбетов гуфтааст, мушкили чорвопарварон "оҳиста-оҳиста" ҳал хоҳад шуд. Аммо дақиқ нагуфтааст, мушкил чи гуна ҳал мешавад.

XS
SM
MD
LG