Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

$5 миллион ҷоиза бар сари Ҳамза Солеҳ. "Ӯ дар Тоҷикистон ҳам буд"?


Ҳамза Солеҳ бин Саид Ал-Ғамодӣ. Акс аз вебсайти Департаменти давлатии Амрико
Ҳамза Солеҳ бин Саид Ал-Ғамодӣ. Акс аз вебсайти Департаменти давлатии Амрико

Вазорати корҳои хориҷии Амрико барои маълумот дар бораи Ҳамза Солеҳ бин Саид Ал-Ғамодӣ, аз раҳбарони калидии шабакаи “Ал-Қоида”, панҷ миллион доллар ҷоиза таъйин кардааст.

Барномаи “Подош барои адолат”-и Департаменти давлатӣ рӯзи 11-уми июн дар эъломияе гуфтааст, Ғамодӣ аз Арабистони Саудӣ аст ва тақрибан 60-сола. Арабистони Саудӣ, шаҳри Кобул ва минтақаи кӯҳистонии Тора Бора дар шарқи Афғонистон аз маконҳои эҳтимолии ӯ тахмин зада мешавад.

Дар эъломия омадааст, дар ҳафтаҳои наздик ба ҳамлаҳои 11-уми сентябри соли 2001 дар Амрико, Ғамодӣ раиси амнияти Усома бин Лодин, раҳбари онвақтаи “Ал-Қоида” буд.

Бар асоси эъломия, ӯ дар солҳои 1980 дар канори Лодин дар Афғонистон алайҳи нерӯҳои Шӯравӣ ҷангидааст. “Дар оғози солҳои 1990 дар ҳамлаҳои террористӣ дар Тоҷикистон ширкат дошт,” – гуфта шудааст дар эъломияи Департаменти давлатии Амрико. Ҷузъиёташ дастрас нест.

Чанде пеш як нашрияи амрикоӣ гузориш дод, ки Сайф ул-Адл, ки гумон меравад раҳбари фаъоли “Ал-Қоида” аст, аз ҷонибдорони худ дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон хостааст, ба Афғонистон муҳоҷират кунанд.

Ҳузури гурӯҳҳои даҳшатафкан дар Афғонистон мояи хатар ба сулҳу амнияти ҷаҳонӣ хонда мешавад.

“Толибон” ваъда додааст, ки ба ҳеч гурӯҳе иҷоза намедиҳад, ки аз хоки Афғонистон алайҳи манофеи Амрико, ҳампаймонҳояш ва ҷумҳуриҳои дигар хатар биофаранд. Ин гурӯҳ тақрибан се сол пеш қудратро дар Афғонистон ба даст гирифт.

Гурӯҳи таҳлилӣ ва назорат бар таҳримҳои Шӯрои Амнияти Созмони Милал дар гузорише моҳи феврал навишт, ки “Ал-Қоида” дар Афғонистони таҳти идораи “Толибон” ҳашт лагери нав эҷод кардааст. Чизе, ки ба нигаронии кишварҳои минтақа ва берун аз он афзудааст.

XS
SM
MD
LG