Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трампро ба ҷиноят гунаҳкор карданд. Худаш гуфт, "марди бисёр бегуноҳам"


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Доналд Трамп нахустин раиси ҷумҳур дар Амрико шуд, ки ӯро ба ҷиноят гунаҳкор донистанд. Ҳайати ҳакамони додгоҳи Ню-Йорк рӯзи 30-юми май ӯро ба сохтакории санадҳо барои пинҳон кардани пули ҳаққи сукут ба ситораи филмҳои порнографӣ, Сторми Даниелс, муҷрим эълон кард.

"Ин як шармандагӣ аст," – гуфт Доналд Трамп дар ҷавоб ба қарори додгоҳ ва афзуд, "ман як марди бисёр бегуноҳам."

Додгоҳ гуфт, президенти собиқи Амрико, дар остонаи интихоботи соли 2016 ба ситораи филмҳои порнографӣ пул додааст, то аз робитаи ҷинсие, ки бо ӯ дошт ҳарф назанад. Барои пинҳон доштани пардохти ҳаққи сукут санадҳоро сохтакорӣ кардааст.

Ҳукми додгоҳ Амрикоро қабл аз интихоботи раёсати ҷумҳурии рӯзи 5-уми ноябр дар як вазъи ғайриқобили пешбинӣ қарор дод. Трамп пас аз судури ҳукм гуфт, ҳаргуна қонуншиканиро рад мекунад ва афзуд, ки аз ҳукми додгоҳ шикоят мебарад.

Доналд Трамп ба 4 сол зиндон рӯ ба рӯст, агарчӣ шахсони дигар бо айни қонуншиканиҳо ҳукми кӯтоҳтар гирифтаанд, ё ҷаримаи бузург супурда ва ё ба зиндони шартӣ маҳкум шудаанд.

Дар сурати зиндонӣ шудан ҳам ӯ ҳақ дорад, маъракаи интихоботӣ пеш барад ва ё дар сурати пирӯзӣ савганд ёд кунад.

Элайн Камарк, таҳлилгари сиёсӣ аз Пажуҳишгоҳи Брукинги Амрико, гуфт, “ҳамеша фикр мекардам, ки ин муҳокима бештарин осебро ба ӯ мерасонад, ҳарчанд ки масоили ҳуқуқӣ инҷо муҳим нест. Аммо осеби бештар ба ӯ аз назари шахсият мерасад. Комилан возеҳ аст, ки замоне ки ҳамсараш бо тифли навзод дар хона буд, ӯ бо ин зан робита доштааст.”

Додситони собиқ ва ҳуқуқдон Роберт Минтз мегӯяд, ҳукми додгоҳ пояҳои Амрикоро ҳамчун як кишвар ларзонд: “Ба назари ман, ӯро барои муддате зиндонӣ мекунанд ва фикр мекунам, бисёр кӯтоҳ. Як ҷазои рамзӣ мешавад, на танбеҳ. Аммо агар ҳукми зиндонӣ шартӣ бигирад, тааҷҷубовар хоҳад буд.”

Ҳукми Доналд Трампро рӯзи 11-уми июл эълон мекунанд. Парвандаи мазкур яке аз сабуктаринҳо барои Доналд Трамп аст, ки ба се ҷинояти дигар ҳам муттаҳам мешавад. Ва ин як муҳокимае буд, ки қабл аз интихобот сурат гирифт, бақия бинобар муқаррароти ҳуқуқӣ ба таъхир афтодаанд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Трампро гунаҳкор карданд. Худаш гуфт, "марди бегуноҳам"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:28 0:00
XS
SM
MD
LG