Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳои байналмилалӣ ба изҳороти Трамп дар бораи НАТО ва Русия


Изҳороти Доналд Трамп, раиси ҷумҳури пешин ва номзади интихоботи президентии Амрико дар бораи Паймони Атлантикаи Шимолӣ ё НАТО ва эҳтимоли ҳамлаи Русия ба кишварҳои узви он, бо вокунишҳои манфӣ рӯбарӯ шудааст.

Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО рӯзи якшанбе дар посух ба изҳороти Доналд Трамп, ки гуфта буд, Амрико аз бархе аъзои НАТО дар баробари ҳамлаи Русия дифоъ нахоҳад кард, гуфт, ҳар гуна ҳамла ба эътилофи низомии ғарбӣ, "бо посухе якҷоя ва нерӯманд" рӯбарӯ хоҳад шуд.

Дабири кулли НАТО бо нашри баёнияе эълон кард, "ҳар гуна пешниҳод дар бораи ин, ки муттаҳидон аз якдигар дифоъ нахоҳанд кард, амнияти ҳамаи мо, аз ҷумла, Амрикоро заъиф мекунад ва сарбозони амрикоӣ ва аврупоиро дар рӯбарӯи хатари бештар қарор медиҳад".

Ӯ дар идома гуфтааст, ки НАТО қодир ба дифоъ аз ҳама муттаҳидон аст ва афзуд, интизор дорад ҳукумати Амрико муттаҳиди қавии НАТО боқӣ мемонад.

Доналд Трамп рӯзи шанбеи 10-уми феврал дар суханронии худ дар як гирдиҳамоии интихоботӣ дар иёлати Каролинаи ҷанубӣ ба муколамааш бо "раиси ҷумҳури як кишвари бузург дар бораи пардохти саҳми ҳар як аъзои НАТО ишора кард ва гуфт, дар посух ба ин раиси ҷумҳур, ки аз ӯ пурсида буд оё "агар пул надиҳем ва Русия бори дигар ба мо ҳамла кунад, оё аз мо муҳофизат мекунед"? гуфтааст, "на, аз шумо муҳофизат намекунем, дар воқеъ онҳор ташвиқ мекунем, ки ҳар коре мехоҳанд анҷом диҳанд, бояд пул бидиҳед".

Ин изҳорот бо вокуниши Кохи Сафед рӯбарӯ шуд ва сухангӯи Кохи Сафед ба хабарнигорон гуфт, "ташвиқ ба ҳамла алайҳи наздиктарин муттаҳиди мо аз сӯи режимҳои хунрез, озордиҳанда ва номуносиб аст".

Намояндаи пешини Бритониё дар НАТО бо нашри паёме дар шабакаи Х (Твиттери пешин) гуфтааст, ба назар намерасад, тамоси раҳбари як кишвари аврупоӣ ва суол аз Трамп дар бораи ҳифозат аз кишвараш боваркарданӣ бошад.

Ӯ мегӯяд, раҳбарони аврупоӣ дарк мекунанд, ки ба таври алоҳида бояд будҷаи низомӣ ва тавоноии дифоии Иттиҳоди Аврупоро тақвият кунанд. Аммо изороти Доналд Трамп низ масъалаи наве нест ва қаблан низ аз изҳоротҳо доштааст.

Дар ин миён, Владислав Косиняк-Камиш, вазири дифои Лаҳистон бо нашри паёме дар шабакаи Х гуфтааст, шиори "Як кас барои ҳама, ҳама барои як кас"-и НАТО, як ӯҳдадории қобили дарк аст".

Ӯ дар идома гуфтааст, ки заъф кардани эътибори кишварҳои муттаҳид ба маънои ҳамаи НАТО аст. "Ҳеҷ маъракаи интихоботӣ наметавонад баҳонае барои бозӣ бо амнияти НАТО бошад".

Ян Липавский, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Чек низ бо интиқод аз изҳороти Доналд Трамп гуфтааст, НАТО дар ҳоли ҳозир дар қавитарин мавқеияте аст, ки то ба ҳол доштааст.

Ӯ бо ишора ба ҳамлаи Русия ба Украина гуфт, дар рӯёрӯӣ бо бузургтарин таҳдид аз замони поёни Ҷанги Ҷаҳонии Дувум, мо дар ҳоли афзоиши будҷаи дифоӣ ва даст ёфтан ба тавоноиҳои нав ҳастем".

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG