Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирони НАТО расондани кумакро ба Украина баррасӣ мекунанд


Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО дар нишаст дар Прага ширкат мекунад
Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО дар нишаст дар Прага ширкат мекунад

Вазирони умури хориҷии 32 кишвари НАТО рӯзи 30-юуми май ҷамъ омаданд, то чаҳорчӯби нави кумакҳои низомиро ба Украина баррасӣ кунанд, ки барои муқовимат бо ҳамлаҳои афзояндаи Русия даступо мезанад.

Нерӯҳои Русия, ки бо ҳамлаҳои пайваста ба иншооти низомӣ ва ғайринизомӣ дар вилояти шимолушарқии Харков пешравӣ кардаанд. Нишасти ғайрирасмии дурӯзаи вазирони НАТО дар шаҳри Прага, пойтахти Чехия сурат мегирад.

Дар ин рӯз дар натиҷаи ҳамлаҳои артиши Русия дар 9 вилояти Украина иншооти зиёде осеб диданд. Дар вилояти Харков дар зарбаи мушакҳои Русия ҳафт нафар, аз ҷумла 6 зан захмӣ шуданд.

Харков дуввумин шаҳри бузурги Украина, ки 35 километр дуртар аз марзи Русия қарор дорад, дар чанд ҳафтаи гузашта таҳти ҳамлаҳои тӯпхонаҳо қарор дошт ва артиши Украина, ки захираҳои аслиҳааш тамом мешавад, дар муқобила бо неруҳои Русия мушкилӣ мекашад.

XS
SM
MD
LG