Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писараш гуфт, ҷарроҳии Иззат Амон “хуб гузашт”


Иззат Амонро соли 2021 аз Русия ронданд
Иззат Амонро соли 2021 аз Русия ронданд

Пизишкон дандони Иззат Амон, ҳомии зиндонии муҳоҷиронро дар Душанбе ҷарроҳӣ кардаанд.

Муҳаммадюсуф Холов, писари Иззат Амон, хабар дод, ки ҷарроҳӣ рӯзи 25-уми декабри имсол “хуб гузашт”.

“Телефонӣ гуфтанд, ки хатаре ба саломатияш ҷой надорад. Танҳо ба муолиҷаи дандонҳо бояд идома диҳад. Падарам ба утоқи маҳбас баргаштааст,” – гуфт Холов рӯзи 26-уми декабр ба Радиои Озодӣ.

Пештар наздикони Иззат Амон бо нигаронӣ гуфта буданд, ки ӯ бештар аз як моҳ боз аз дарди дандон ранҷ мекашад ва хатари гузаштани зардоби дандон ба майнаи сар зиёд аст.

Иззат Амон, ки дар гузашта аз ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия ҳимоят ва баъзан аз сиёсати мақомоти Тоҷикистон танқид мекард, моҳи марти соли 2021 аз Русия ронда шуд.

Ӯро дар доираи ду парвандаи қаллобӣ дар Тоҷикистон ба 15 сол зиндон маҳкум карданд. Худаш ва наздиконаш онро рад карданд. Ҷонибдоронаш дорои ангезаҳои сиёсӣ медонанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG