Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон дар таркиши балони гази мошин чанд кас ҷон бохтааст


Мошини ёрии таъҷилӣ дар Узбекистон
Мошини ёрии таъҷилӣ дар Узбекистон

Дар натиҷаи таркиши балони гази мошин дар ноҳияи Ғаллаороли вилояти Ҷизахи Узбекистон чанд кас ҷон бохтааст.

Хадамоти матбуотии Вазорати корҳои дохилии Узбекистон иттилоъ дода, ки ҳодиса рӯзи 28 май, тақрибан соатҳои 13:00 рух дод. Балони гази мошини «Nexia-2», ки дар шоҳроҳи «М39» ҳаракат мекард, таркидааст.

Ронанда ва се мусофир, аз ҷумла як кудаки 9-сола дар маҳалли ҳодиса ҷон бохтаанд.

Тибқи маълумоти пешакӣ, таркиш бар асари корношоямии балони газ рух додааст.

Бино ба хабарҳо, балони гази мошин баъди берун шудан аз нуқтаи газфурӯшӣ дар роҳ таркидааст. Ҳодисаро дурбинҳои назоратӣ сабт кардаанд.

XS
SM
MD
LG