Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шароити муҳоҷирон ва терроризм. Ба вазири рус дар Тоҷикистон чӣ гуфтанд?


Владимир Колоколтсев, вазири корҳои дохилии Русия бо Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилиии Тоҷикистон рӯзи 28-уми май гап заданд.
Владимир Колоколтсев, вазири корҳои дохилии Русия бо Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилиии Тоҷикистон рӯзи 28-уми май гап заданд.

Мақомдорони тоҷик бо вазири рус дар Душанбе дар бораи “пешгирӣ аз шомил шудани тоҷикон ба ҳизбу ҳарактҳои мамнӯъ” ва беҳтар намудани “шароити будубоши муҳоҷирон” гап задаанд.

Владимир Колоколтсев, вазири корҳои дохилии Русия рӯзи 28-уми май бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар бораи муҳоҷират гап задааст. Ҷузъиёти суҳбати ин мақомдори рус бо президенти Тоҷикистон маълум нест, вале сомонаи президент гуфтааст, ки дар ин мулоқот “дар бахшҳои муҳоҷирати корӣ ва амният таваҷҷуҳи хосса” шудааст. Президенти Тоҷикистон гуфтааст, ки барои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия “чораҳои зарурӣ” андешида шавад.

Сомонаи ВКД хабар дод, ки Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо Владимир Колоколтсев дар бораи тақвияти ҳамкориҳо суҳбат кардаанд.

Ин суҳбатҳо дар ҳоле сурат мегирад, ки 12 шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони даст доштан дар ҳамла ба толори мусиқии “Крокус”-и Маскав дар охири моҳи март боздошт шудаанд ва фишору азияти муҳоҷирон дар Русия афзоиш ёфтааст. Мақомоти рус ҳеч далеле нашр накардаанд, ки даст доштани тоҷикон дар ҳамлаи террористиро собит кунад.

Сомонаи ВКД навиштааст, ки ду вазир “пешгирии шомилшавии шаҳрвандони ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, такмил додани ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷират, ҳалли мушкилот, вазъи ҳуқуқӣ, беҳтар намудани шароити будубош ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия”-ро баҳс кардаанд.

Борҳо мақомоти ду кишвар дар бораи беҳтар намудани шароити муҳоҷирони тоҷик суҳбат кардаанд, вале ҳеч беҳбуде дар ин самт дида намешавад.

Ҳар сол ҳазорон муҳоҷири тоҷик бо баҳонаҳои ночиз аз Русия ихроҷ мешаванд ва садҳо нафар боздошту азият мешаванд. Коршиносон мегӯянд, мақомоти рус ҳадафмандона алайҳи муҳоҷирони тоҷик иқдом мекунанд.

XS
SM
MD
LG