Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги донишҷӯи ҳиндӣ дар обҳои Тоҷикистон дар рӯзи таваллудаш


Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Сино
Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Сино

Рӯзи 24-уми май дар масҷиди ҷумъаи деҳаи Кангажаи аёлати Керолаи  кишвари Ҳинд маросими ҷанозаи Риёз Ҳарис Муҳаммад  - донишҷӯи Донишҷӯи донишгоҳи тибби Тоҷикистон ба номи Сино баргузор шуд.

Ин ҷавон рӯзи 22 май дар об ғарқ шуд. Дар ин бора нашрияи ҳиндии https://www.onmanorama.com хабар додааст. Ба навиштаи ин нашрия, Риёз Ҳарис Муҳаммад мехост табиби ҷарроҳ шавад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бидуни бурдани исми ҷавон гуфтааст, донишҷӯи ҳиндӣ дар селгузари деҳаи Сафобахши ҷамоати деҳоти Сафобахши ноҳияи Данғара ғарқ шудааст. Мақомоти кумита мегӯянд, фоҷеа замоне рух додааст, ки донишҷӯён оббозӣ мекарданд. Маълум нест донишҷӯён дар минтақаи дур аз макони таҳсил чӣ мекарданд.

Дӯстонаш гуфтанд, ки бар асари беэҳтиётӣ ва риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ғарқ шудааст. Дар шарҳи ҳодиса вебсайти ҳиндӣ навишт, Риёз Ҳарис Муҳаммад дар рӯзи таваллуди 24-умаш даргузашт ва ҳамакнун дар зодгоҳаш ба хок супурда мешавад.

Рӯзи вуқӯи фоҷеа - 22 май дар шимоли Тоҷикистон ҳам як сокини 30-солаи шаҳри Бӯстон ҳангоми идораи гидросикл дар обанбори «Баҳри тоҷик» ба сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дучори садама шуда дар об ғарқ гардид. Зоҳиран ҷустуҷӯи ҷасад ҳанӯз идома дорад.

Аксар сабабҳои фоҷеа дар обҳои Тоҷикистон набуди малакаи шиноварӣ ва талоши оббозӣ дар маконҳои хавфнок гуфта мешавад, ки соле ҷони даҳҳо нафарро мегирад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG