Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Нуробод сайёҳонро аз дохили дарё наҷот додаанд


Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз наҷоти як гуруҳ сайёҳон аз дохили дарё хабар дод.

Дар хабарномаи ин ниҳод омадааст, субҳи 5-уми май сел пулеро хароб кард, ки ноҳияи Нуробод ва Сангворро бо ҳам мепайваст. Дар ин вақт ба гуфтаи манбаъ, гуруҳи гардишгарон, ки ба сӯи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон мерафтанд, худсарона талош кардаанд, аз рӯдхона гузаранд.

“Дар натиҷа ду мошини онҳо дар миёни дарё монд ва на имкони пеш рафтан дошту на пас гаштан,”-омадааст дар хабарномаи расмӣ. Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфтанд, наҷотдиҳандагон мошинҳои сайёҳонро аз миёни дарё берун кашиданд.

Маълум нест, ки гардишгарон аз кадом кишвар будаанд.

Тоҷикистон дар рӯзҳои ахир шоҳиди боронҳои зиёд ва омадани сел буд.

Дар натиҷаи омадани сел дар ноҳияи Варзоб ва шаҳри Истаравшан се нафар ҷон бохта, дар чанд минтақаи дигари Тоҷикистон пулу роҳу хонаҳо вайрон гаштаанд. Мақомот мегӯянд, ба қадри тавон ба ҳама кумак мерасонанд. Баъзе аз сокинони осебдида гуфтанд, ҳанӯз ёрӣ нагирифтанд.

XS
SM
MD
LG