Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин бори панҷум дар курсии президентӣ савганд ёд мекунад


Владимир Путин
Владимир Путин

Владимир Путин рӯзи 7-уми май бори панҷум ба ҳайси президенти Русия савганд ёд мекунад. Расонаҳои маҳаллии Русия навиштанд, маъракаи қасамёдкунии Путин соати 12 ба вақти Маскав оғоз шуда, ҳудуди як соат идома мекунад.

Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл гуфтааст, ба истиснои "чанд тафовутҳои ҷузъӣ", маросим мисли чорабиниҳои солҳои қабл баргузор хоҳад шуд.

Бо вуҷуди онки расонаҳои Русия аз даъвати меҳмонони зиёд ба савгандёдкунии Путин хабар доданд, як қатор кишварҳои ғарбӣ ин маросимро бойкот карданд. Аз ҷумла Бритониёи Кабир, Фаронса ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфтанд, ҳайатҳои онҳо дар маросими савгандёдкунии Путин ширкат намекунанд.

Қаблан Ҷозеф Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо муқобилияти худро ба ширкати намояндагони кишварҳои узви ин созмон дар маросими қасамёдкунии Путин баён карда буд.

Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон ҳам ба маросими савгандёдкунии Владимир Путин намеояд.

Владимир Путин соли 1999 раиси ҷумҳури Русия шуд ва соли 2012, пас аз чаҳор соли як "қалъабандӣ"-и мансаби президентӣ бо рафиқаш Дмитрий Медведев, ба курсии президентӣ баргашт.

XS
SM
MD
LG