Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тими миллии футзали Тоҷикистон дар бозии санҷишӣ Чинро шикаст дод


Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон
Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон

Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар бозии дувуми санҷишӣ дар Тайланд тими миллии Чинро бо ҳисоби бузурги 9:2 шикаст дод.

Ин бозии санҷишӣ дар доираи омодагии футзалбозони Тоҷикистону Чин ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 рӯзи 13-уми апрел дар шаҳри Бангкоки Тайланд баргузор шуд.

Комрон Алиев аз дастаи Тоҷикистон се гол зада, “хет-трик” кард. Умед Кузиев, Баҳодур Хоҷаев, Дилшод Саломов, Идрис Ёров, Некрӯз Алимаҳмадов ва Абдуқаюм Умаров якголӣ заданд.

Қаблан дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Бангкок мунтахаби Тоҷикистон дар бозии санҷишӣ 9-уми апрел аз тими миллии Афғонистон бо ҳисоби 3:4 шикаст хӯрда буд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҳарду бозии санҷишӣ дар Бангкок дар мувофиқа бо рақибон пушти дарҳои баста, бидуни пахши телевизионӣ ва ҳузури тамошогарон доир гардид.

Зимнан, дар ҷамъомади таълимию тамринии тими миллии футзали Тоҷикистон зери роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов дар Тайланд ба ҳайати даста 14 бозигар – 2 дарвозабон ва 12 бозигари майдонӣ - дохиланд.

Тими миллии футзали Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024, ки аз 17-ум то 28-уми апрел дар Тайланд доир мегардад, дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ (18-уми апрел), Қирғизистон (20-уми апрел) ва Ҷопон (22-юми апрел) рақобат мекунад.

Дарвоқеъ, мунтахаби Тоҷикистон бори дувоздаҳум дар таърихи худ дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё иштирок хоҳад кард.

Ҳайати дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар Тайланд:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов («Истиқлол»), Муродулло Алиқулов («Амонатбонк»);

Бозигарони майдонӣ: Файзалӣ Сардоров, Дилшод Саломов, Идрис Ёров, Бахтиёр Солиев, Самандар Ризомов (ҳама аз «Соро компания»), Муҳаммадҷон Шарипов, Некрӯз Алимаҳмадов, Комрон Алиев, Насратшо Исмоилов, Абдуқаюм Умаров (ҳама аз «Истиқлол»), Умед Қузиев («Амонатбонк»), Баҳодур Хоҷаев («Истаравшан»).

Сармураббӣ – Пайрав Воҳидов.

Шонздаҳ дастаи мунтахаби иштироккунандаи марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 ба чаҳор гурӯҳ тақсим шудааст.

Таркиби гурӯҳҳо:

Гурӯҳи "А"

Тайланд

Ветнам

Мянмар

Чин

Гурӯҳи "В"

Узбекистан

Арабистони Саудӣ

Ироқ

Австралия

Гурӯҳи "С"

Ҷопон

Тоҷикистон

Кореяи Ҷанубӣ

Қирғизистон

Гурӯҳи "D"

Эрон

Кувайт

Баҳрайн

Афғонистон

Пас аз анҷоми даври гурӯҳӣ ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ муборизаро барои медалҳо идома дода, ҷуфтҳои даври чорякниҳоиро ташкил медиҳанд.

Дар сурати ба чорякфинал роҳ ёфтан мунтахаби Тоҷикистон бо яке аз дастаҳои гурӯҳи "D" – Эрон, Кувайт, Баҳрайн ё Афғонистон - бозӣ хоҳад кард.

Бар асоси натиҷаҳои Ҷоми Осиё-2024 панҷ дастаи беҳтарин, ба истиснои тими мизбон - Узбекистон, ба Ҷоми ҷаҳон-2024, ки аз 14-уми сентябр то 6-уми октябр дар шаҳрҳои Тошканд, Андиҷон ва Бухоро доир мегардад, роҳхат мегиранд.

XS
SM
MD
LG