Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ҳарду бозӣ, ки рӯзҳои 4-5-уми март дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, футзалбозони узбек бо натиҷаҳои 5:2 ва 3:2 пирӯз шуданд.
Қаблан низ мунтахаби Тоҷикистон дар ду бозии дӯстона, ки рӯзҳои 26-ум ва 28-уми феврал дар шаҳри Ҷидда доир шуд, аз тими миллии Арабистони Саудӣ бо натиҷаҳои 1:2 ва 2:4 шикаст хӯрда буд.
Тими мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2024, ки аз 17-ум то 28-уми апрел дар Тайланд баргузор мешавад, дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ (18-уми апрел), Қирғизистон (20-уми апрел) ва Ҷопон (22-юми апрел) рақобат хоҳад кард.
Бозиҳои дӯстона:
26-уми феврал (душанбе)
Арабистони Саудӣ – Тоҷикистон – 2:1
Ҷидда, Арабистони Саудӣ
28-уми феврал (чоршанбе)
Арабистони Саудӣ – Тоҷикистон – 4:2
Ҷидда, Арабистони Саудӣ
4-уми март (душанбе)
Узбекистон – Тоҷикистон – 5:2
Тошканд, Узбекистон
5-уми март (сешанбе)
Узбекистон – Тоҷикистон – 3:2
Тошканд, Узбекистон