Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби футзали Тоҷикистон ҳарду бозии дӯстонаро ба Саудӣ бохт


Ҷамъомади таълимию тамринии дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов, ки дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ ҷараён дорад, 2-юми март ба поён мерасад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар доираи ин ҷамъомад мунтахаби кишвар рӯзҳои 26-ум ва 28-уми феврал бо тими миллии Арабистони Саудӣ ду бозии дӯстона анҷом дод. Дар ҳарду бозӣ футзалбозони тоҷик бо натиҷаҳои 1:2 ва 2:4 шикаст хӯрданд.

Дастаи Тоҷикистон ин бозиҳоро бидуни чанд бозигари асосӣ - Файзалӣ Сардоров, Дилшод Саломов, Фирӯз Бекмуродов, Комрон Алиев ва Шавкат Ҳалимов, ки дар ҳайати бошгоҳҳои худ қарор доранд, анҷом додааст.

Мунтахаби футзали Тоҷикистон пас аз анҷоми ҷамъомади таълимию тамринӣ дар Арабистони Саудӣ ба Тошканд меравад ва бо тими миллии Узбекистон ду бозии дӯстона баргузор мекунад. Ин бозиҳо рӯзҳои 4-ум ва 5-уми март доир мегарданд.

Бояд гуфт, ки мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2024, ки аз 17-ум то 28-уми апрел дар Тайланд баргузор мешавад, дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ (18-уми апрел), Қирғизистон (20-уми апрел) ва Ҷопон (22-юми апрел) рақобат хоҳад кард.

Бозиҳои дӯстона

26-уми феврал (душанбе)

Арабистони Саудӣ – Тоҷикистон – 2:1

Ҷидда, Арабистони Саудӣ

28-уми феврал (чоршанбе)

Арабистони Саудӣ – Тоҷикистон – 4:2

Ҷидда, Арабистони Саудӣ

4-уми март (душанбе)

Узбекистон – Тоҷикистон

Тошканд, Узбекистон

5-уми март (сешанбе)

Узбекистон – Тоҷикистон

Тошканд, Узбекистон

XS
SM
MD
LG