Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби ҷорӣ кардани виза миёни Русия ва кишварҳои Осиёи Миёна


Сергей Миронов.
Сергей Миронов.

Як вакили Думаи давлатии Русия баъди ҳамла ба толори "Крокус" пешниҳод кардааст, ки миёни Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ низоми раводид ҷорӣ карда шавад.

Сергей Миронов, роҳбари ҷиноҳи порлумонии "Русияи одил" дар телеграм каналаш навиштааст, "бекор кардани низоми бидуни раводид на танҳо ба таҳкими амнияти миллӣ, балки ба ҳамкории мутақобилан судманди Русия ва ҳамсояҳои ҷанубии он мусоидат хоҳад кард".

Миронов як сиёсатмадори ҷанҷолист, ки бо пешниҳодҳои пурсарусадо ва зиддимуҳоҷирон, шинохта шудааст.

Миёни Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, низоми бидуни раводид амал мекунад ва барои ҳамин миллионҳо муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ барои кору иқомат ба Русия мераванд.

Бархе коршиносон, аз ҷумла Аркадий Дубнов эҳтимоли ҷорӣ шудани раводид байни Русия ва кишварҳои Осиёи Марказиро хеле кам мебинанд.

Рӯзи 22-юми март чор марди мусаллаҳ ба толори консертии маҷмааи “Крокус Сити Ҳолл” дар канори Маскав ҳамла карданд.

Гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ё ДОИШ бо нашри видео ҳамларо кори пайравонаш номид, вале президенти Русия онро ба Украина пайванд дод.

Теъдоди қурбониёни ин ҳамла ба 137 нафар расидааст. Тақрибан дусад кас захмӣ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG