Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як зодаи ОМ барои навиштани шарҳ ба ҳамлаи "Крокус"


Нерӯҳои интизомӣ дар Санкт-Петербург як зодаи Осиёи Марказиро ба далели "шарҳи ҷонибдорӣ ба хабари ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Холл" боздошт карданд.

Расонаи "78.ru" иттилоъ дода, ки маъмурони пулис шахсияти гумонбарро фавран муайян ва ӯро дар маҳалли зисташ дастгир карданд. Шаҳрванди кадом кишвари Осиёи Марказӣ будани ин мард гуфта намешавад.

Боздоштшуда дар видеое, ки расона нашр кардааст, мегӯяд, ӯ барои як "шӯхӣ"-яш дар паёмакрасони Телеграм дастгир шудааст. Ин мард гуфт, дар поёни хабари ҳамлаи террористӣ навишта буд, ки "кофиронро бояд паронд". Ӯ барои ин навиштааш узрхоҳӣ низ кард.

Пулис феълан боз кардани парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯро бар асоси банди "Сафедкунии оммавии терроризм" баррасӣ дорад. Ин банд то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Шавҳари пешини мудири кулли тарҳи "Новая Голландия" Николай Конашенок ҳам шаби 25 март дар фурудгоҳи Пулковои Петербург ҳангоми парвоз ба шаҳри Ереван дастгир шуд. Вайро низ барои як шарҳояш дар зери хабари ҳамлаи террористӣ дастгир кардаанд. Ӯ навиштааст, ки "чаро Крокус, на Кремл?".

Ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” дар наздикии Маскав шаби 22-юми март рӯй дод. Ба иттилои мақомоти Русия дар ин ҳодиса 139 нафар кушта ва тақрибан дусад кас захмӣ шудаанд.

Додгоҳи Басманнийи шаҳри Маскав рӯзҳои 24, 25 ва 26-уми март ҳашт нафарро то охири моҳи майи имсол ба ҳабси пешакӣ гирифт. Ҳафт нафари онҳо зодаи Тоҷикистон ва як нафар аз Қирғизистон аст.

XS
SM
MD
LG