Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин ҳамларо ба "Крокус" кори исломгароён номид


Владимир Путин
Владимир Путин

Владимир Путин, президенти Русия, рӯзи 25-уми март гуфт, ҳамлаи террористии хунин дар канори Маскав кори дасти ифротгароёни исломӣ буд.

Ӯ ҳамзамон афзуд, ҳамлае, ки Русия дар 20 соли гузашта шоҳид нашудааст, бахше аз маъракаи васеи таҳдид аз тарафи Украина аст. Украина ҳаргуна даст доштанро дар тирандозӣ рад кардааст.

Фаронса ва Амрико гуфтанд, ки масъули ҳамла гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” аст. Президенти Фаронса Эманнуел Макрон Русияро танқид кард, ки мехоҳад, ин амалро ба зидди Украина истифода барад.

Раиси ҷумҳури Русия бо истифода аз шеваи суҳбате, ки аз замони таҷовуз ба Украина истифода мебарад, гуфт, Русия бояд маълум кунад, ки ин ҳамларо кӣ фармоиш дода ва чӣ касе аз он суд бурдааст.

Рӯзи 22-юми март чаҳор фарди мусаллаҳ ба толори консертии “Крокус” ворид шуда, мардумро тирборон карда, 139 нафарро куштанд.

Гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифт. Бештар аз 180 каси дигар ҷароҳат бардоштанд.

Мақомоти Русия гуфтанд, дар умум 11 нафарро дар робита ба тирандозӣ дастгир карданд. Додгоҳ то кунун ҳашт нафари онҳоро ба ҳабс гирифт. Ҳафт нафари онҳо аз Тоҷикистон ҳастанд ва як нафар аз Қирғизистон.

Сару рӯйи чаҳор нафари онҳо, ки рӯзи 24-уми март дар додгоҳ ҳозир шуданд, вараму сиёҳ буд, ки осори шиканҷаву латукӯб аст.

Видеоро дар инҷо бинед:

Путин ҳамларо ба "Крокус" кори исломгароён номид
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:14 0:00
XS
SM
MD
LG