Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи қурбониёни ҳамла ба "Крокус Сити" ба 133 нафар расид


Маҷмааи нимсӯхтаи "Крокус Сити Ҳолл" дар канори Маскав
Маҷмааи нимсӯхтаи "Крокус Сити Ҳолл" дар канори Маскав

Шумораи қурбониёни ҳамлаи террористӣ ба маҷмааи "Крокус Сити Ҳолл" дар ноҳияи Маскав ба 133 нафар расидааст.

Кумитаи тафтишотии Русия гуфтааст, ки эҳтимол шумораи қурбониён боз ҳам афзоиш ёбад.

Ба қавли пизишкон, аксари онҳо аз зарби тир ва дуди ғализ бар асари оташсӯзӣ фавтидаанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Русия гуфтааст, ки 13 ҳазор метри квадратии ин маҷмаа сӯхтааст.

Рӯзи 22-уми март чор марди мусаллаҳ вориди маҷмааи "Крокус Сити Ҳолл" шуда, даҳҳо нафарро тирборон карданд ва биноро оташ заданд. Мақомоти Русия гуфтаанд, ки 11 гумонбар дар ҳамлаи террористӣ боздошт шудааст, вале дар бораи шахсияти онҳо расман тафсилот надодаанд. Матбуоти Русия бо нашри аксу наворҳои зиддунақиз ҳамлагаронро шаҳрванди Тоҷикистон номидаанд.

XS
SM
MD
LG