Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оқилбек Муродовро 12 моҳ ба ҳабс гирифтанд


Оқилбек Муродов
Оқилбек Муродов

Додгоҳе дар шаҳри Алматои Қазоқистон рӯзи 20-уми март ҳабси ҳомии ҳуқуқи қарақалпоқистонӣ Оқилбек Муродовро 12 моҳ дароз кард. Дар ин бора хоҳари вай Фариза Норбекова хабар дод.

Вай то 15-уми феврали соли 2025 дар ҳабси пешакӣ хоҳад буд.

Пештар додситонии ноҳияи Бостандиқи шаҳри Алмато дархост карда буд, ки муҳлати ҳабси раҳбари ҷомеаи қарақалпоқҳо дар Қазоқистон Оқилбек Муродов дароз карда шавад.

Хоҳари Муродов, Фариза Норбекова, ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфта буд, ки додситонӣ мехоҳад, бародараш то 12 моҳ дар ҳабс монад.

Расонаҳо ҳафтаи гузашта хабар доданд, ки ба Муродов шаҳодатномаи паноҳҷӯӣ дар Қазоқистон дода шудааст.

Оқилбек Муродов бо дархости Узбекистон дар Алмато боздошт шуд.

Ба зидди ӯ барои ташкили гирдиҳамоӣ бахшида ба ҳаводиси Нуқус ва нашри видеои суханронии ҳамватанаш Қошқарбой Торемуратов дар конфронси САҲА айб эълом гаштааст.

XS
SM
MD
LG