Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон барои баррасии як масъала ба кишварҳо даъватнома фиристодааст


Тоҷикистон ба қабули меҳмони зиёд омода шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:16 0:00

Видеоро дар инҷо бинед

Омодагии Тоҷикистон ба нишасти байнулмилалии “Об барои рушди устувор” ба марҳилаи муҳим ворид шудааст.

Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 14-уми март ба намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байнулмилалии муқими Душанбе маълумот дод. Бино бар он интизор меравад, ин ҳамоиш меҳмонони зиёдеро дар моҳи июни имсол ба пойтахти Тоҷикистон хоҳад овард.

Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон гуфт, аз номи ҳукумат ба кишварҳои узви СММ, инчунин, пажӯҳишгоҳҳои вобаста ба масоили оби ин созмон ва ниҳодҳои байнулмилалии молӣ даъватнома фиристода шуд.

Тоҷикистон яке аз кишварҳои минтақа аст, ки пешниҳодҳояш дар масъалаи об аз тарафи Созмони Милал пуштибонӣ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳамеша бо ифтихор мегӯянд, бо пешниҳоди Душанбе Созмони Милал чандин қатъномаи вобаста ба обро қабул кардааст.

Мунтақидон мегӯянд, бо вуҷуди пешгомӣ дар масъалагузориҳои ҷаҳонӣ дар дохили Тоҷикистон то ҳанӯз як қисми аҳолӣ ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд ва мудирияти нокофӣ сабаби камобию бебарқӣ ва селҳои харобиовар мешаванд.

XS
SM
MD
LG