Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ЮНИСЕФ: 230 млн зан дар дунё "хатна шудааст"


230 миллион занону духтарон дар дунё қурбонии ҷарроҳии узвҳои ҷинсӣ ё хатна шудаанд. Бино ба гузориши нави Бунёди атфоли СММ (ЮНИСЕФ) дар 8 соли ахир шумори занони хатнашуда 15 дар сад ё 30 миллион нафар зиёд шудаанд.

Кэтрин Рассел, мудири бунёди атфоли СММ гуфтааст, афзоиши ин омор ба маънии паҳн шудани ин падида дар ҷаҳон набуда, ба зиёд шудани таваллуди духтар дар кишварҳое вобастааст, ки аз ин таҷриба истифода мекунанд.

Ба таъкиди ӯ солҳои ахир аксари духтарон то синни 5 чунин ҷарроҳӣ мешаванд, ки “Ин вазъ пешгирӣ аз чунин амалро номумкин мекунад. Мо бояд талошҳо барои аз байн бурдани ин амали зарароварро бештар кунем. ”- афзуд, Кэтрин Рассел ва аз кишварҳое, чун Кения ва Миср мисол овард, ки тавонистаанд, мавридҳои хатнаи занонро коҳиш диҳанд.

Ба иттилои Созмони Милали Муттаҳид, ин таҷриба дар баъзе аз кишварҳои Африқо, Осиё ва Ховари Миёна маъмул аст. "Хатнаи занон" дар Қафқози Шимолӣ, Доғистону Ингушистон ва Гурҷистон ҳам ошкор шуда буд. Ҷарроҳӣ аксаран дар шароити хона ва бо теғи маъмулӣ анҷом мешудааст.

Шарҳи занон дар бораи сабаби хатна шудан яксон нест. Бархе ин амалро ба дин рабт медиҳанд, гурӯҳи дигар онро як анъанаи қадимӣ меноманд ва бар ин боваранд, ки зани хатнашуда эҳсоси зиёди шаҳват надораду ба шавҳараш "содиқ" мемонад.

СММ дар гузашта гуфта буд, бо ин шева таносули садҳо миллион зан осеб дидааст. Ҳомиёни ҳуқуқ ин амалро нақзи ҳуқуқи инсон ва бадтарин табъизи занон унвон кардаанд. Ба гуфтаи онҳо ин суннати қадима сабаби маргу азоби доимии занон мешавад.

Соли 2012 Маҷмаи Умумии СММ аҳдномаеро тасвиб кард, ки тибқи он хатнаи занон манъ аст.

XS
SM
MD
LG