Маркази бисёрсоҳавии тиббӣ бо номи "Бест Клиник" дар Маскав хатнаи духтарони то 12-соларо пешниҳод мекунад.
Дар ин бора як корбари беноми сомонаи "Медуза" рӯзи 18-уми ноябр дар як нома хабар дода, нусхаи пешниҳодро аз сомонаи клиника илова кардааст.
"Нишондоди тиббӣ барои чунин амалиёт вуҷуд надорад ва чунин амалиёт бо ангезаҳои суннатӣ ва мазҳабӣ анҷом мешавад", - омадааст дар сомонаи "Бест Клиник". "Азбаски ин амалиёт харобиовар мебошад, аз ин рӯ зарур аст, ки он на дар шароити хона, балки дар бемористон анҷом шавад",- афзудааст муассиса.
Баъди як рӯзи нашри нома дар "Медуза" бемористон муҳтавои эълонашро дигар карда, аз ҷумла калимаи "духтар"-ро бо "бемор" иваз кард.
Рӯзи 22-юми ноябр сомонаи "Бест Клиник" тасдиқ кард, ки дар ҳақиқат ин гуна амалиётро пешниҳод мекунад ва қимати он 70 ҳазор рубл аст. Муовини мудири кулли "Бест Клиник" Любов Аксенова шарҳ дод, ки чунин амалиёт бо ангезаҳои мазҳабӣ анҷом мешавад. Ба дунболи ин, тавзеҳоти амалиёт низ аз сомона бардошта шуд.
Созмони Байналмилалии Беҳдошт ва Созмони Милали Муттаҳид хатнаи занонро амалиёти барбариёна унвон кардаанд. Ба маълумоти Созмони Милал, бо ин шева таносули беш аз 200 миллион зан тахриб шудааст. Аксари онҳо дар кишварҳои африқоӣ зиндагӣ мекунанд.
Соли 2016 созмони "Ибтикори ҳуқуқӣ" дар бораи хатнаи саросарии занон дар Доғистон гузориш пахш кард ва шаҳодати 25 занро овард, ки дар наврасӣ ин амалиётро пушти сар карданд. Ба гуфтаи фаъолони ҳуқуқи башар, дар баъзе ноҳияҳои Доғистон ин таҷриба ҳанӯз вуҷуд дорад. Ба Думаи давлатии Русия тарҳе ворид шуда буд, ки барои ахтаи таносули занон то даҳ соли зиндонро пешбинӣ мекард.