Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон бо ёрии Бунёди Оқохон 300 ҳазор дарахт мешинонанд


Ҷангалзоре дар Ховалинг
Ҷангалзоре дар Ховалинг

Бунёди Оқохон эълон кард, ки бо Оҷонсии хоҷагии ҷангали Тоҷикистон барои эҳёи ҷангалзорҳо шартномаи ҳамкорӣ имзо кардааст.

Ин бунёд гуфтааст, ҳадаф дорад, ба хотири коҳиши зиёнҳои тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо кӯмак дар эҳёи ҷангалзорҳо аз барномаи давлатии "Рушди ҷангалзорҳо дар солҳои 2022-2026" пуштибонӣ кунад.

Ин Бунёд гуфтааст, тасмим дорад, дар соли 2024 дар минтақаҳои кӯҳистонии Тоҷикистон 300 ҳазор дарахт шинонанд.

Бунёди Оқохон соли 1993 дар Тоҷикистон ба кор оғоз кард ва тарҳои гуногунеро барои беҳбуди зиндагии мардум амалӣ кардааст.

Дар тарҳҳои ин бунёд ҳоло беш аз 3,5 ҳазор нафар кор мекунанд.

XS
SM
MD
LG