Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаҳои интихоботи порлумонӣ дар Эрон


Эълони натиҷаҳои интихобот дар Эрон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:18 0:00

Дар интихоботи Эрон каме беш аз 40 дарсади раъйдиҳандгон иштирок кардааст

Дар интихоботи порлумонии Эрон, ки рӯзи якуми марти имсол бо ҳузури ками овоздиҳандагон гузашт, аксаран муҳофизакорон пирӯз шудаанд.

Таҳлилгарон мегӯянд, ин ҳама баёнгари он аст, ки дар сиёсати ҳозираи Эрон тағйироти зиёде рӯй намедиҳад.

“Сабаб ин аст, ки Эрон ғарқи мушкилоти зиёд аст: харобиҳои иқтисодӣ, инзивои байнулмилалӣ, режими саркӯбгар ва ин ҳама бетағйир мемонад. Ҳеч як мушкил ҳал нашуд,” – гуфт Ораш Азизӣ аз Донишгоҳи Клемсони Иёлоти Муттаҳида дар суҳбат бо “Садои Амрико”.

Раҳбарони Эрон ҳафтаи гузашта ширкатро дар интихобот нишонаи ватандӯстӣ номиданд, вале мунтақидон ба бойкот ё таҳрими он даъват карданд.

Ин аввалин овоздиҳӣ пас аз саркӯби эътирозҳо дар соли 2022 буд. Норозиён он замон ҳаққи бештар ба занон, ислоҳоти иқтисодӣ ва тағйири ҳукуматро мехостанд.

Дар интихоботи рӯзи якуми март шумори довталабони курсии Маҷлис хеле зиёд буд. Ин навбат теъдоди занон аз гузаштаҳо ҳам бештар буд, вале аз 290 курсӣ Маҷлис 245 курсӣ ишғол шуд ва танҳо 11 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Дар Маҷлиси имрӯза теъдоди занон 16 нафар аст.

Номзадҳои пешрафтаи ислоҳотталаб ва ё мунтақиди ҳукумат роҳ наёфтаанд. Таҳлилгарон мегӯянд, бо чунин вазъ ба ислоҳот умедвор шудан душвор аст.

Трито Порсӣ, муовини президенти Пажӯҳишгоҳи Куинс оид ба мудирияти дуруст дар шаҳри Вашингтон гуфт: “Ин ки садоқат ба режим назар ба дигар хислатҳои номзадҳо дар маркази таваҷҷӯҳ аст, ба он маъност, ки ҳокимони Эрон ба мутахассисону технократҳо камтар нигоҳ мекунанд ва ҳатто агар онҳо кадом ният ё фикри ҷолиберо бихоҳанд амалӣ кунанд, шояд аз дасташон наояд. Дар натиҷаи баста шудани фазои озод касбият камтар мешавад.”

Рӯзи 1-уми март дар Эрон инчунин аъзои шӯрои 88-нафари хубрагонро интихоб карданд, ки раҳбари баъдии олии ин кишварро таъин мекунад.

XS
SM
MD
LG