Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъоли қирғизистонӣ Мелис Аспековро 7 сол зиндонӣ карданд


Мелис Аспеков. Додгоҳи ноҳияи Якуми майи Бишкек
Мелис Аспеков. Додгоҳи ноҳияи Якуми майи Бишкек

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек Мелис Аспековро ба гуноҳи "омодагӣ ба ҷиноят" ва "бетартибиҳои оммавӣ" ба 7 сол зиндон маҳкум карданд.

Дар ин бора Аалӣ Аспеков, писари Мелис Аспеков, рӯзи 4-уми март дар Фейсбук хабар дод.

Аалӣ Аспеков гуфт, падараш дар сухани охирин дар додгоҳ айбҳои эъломшударо напазируфт. Ӯ афзуд, падараш бо ҳукми додгоҳ розӣ нест ва ба зинаҳои болоӣ шикоят мебарад.

Дар Додгоҳи ноҳияи Якуми май гуфтанд, ҳукми додгоҳ дар ин маврид ҳанӯз 28-уми феврал содир шудааст.

Аспеков дар тирамоҳи соли 2023 дастгир шуда буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG