Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як медали тиллои дастаи ҷудои Тоҷикистон дар Тошканд


Эмомалӣ Нуралӣ, паҳлавони ҷавон ва шинохтаи тоҷик.
Эмомалӣ Нуралӣ, паҳлавони ҷавон ва шинохтаи тоҷик.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, дар мусобиқаи силсилаи ҷаҳонии ҷудо “Tashkent Grand Slam 2024”, ки рӯзҳои 1-3-юми март дар шаҳри Тошканди Узбекистон баргузор шуд, соҳиби як медали тилло гардид.

Ин медалро Эмомалӣ Нуралӣ, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар рақобатҳо дар вазни то 66 килограмм миёни мардон ба даст овард.

Ин паҳлавони 21-солаи тоҷик дар рӯзи аввали мусобиқаи “Tashkent Grand Slam 2024 пас аз се пирӯзӣ ба рақибонаш Мартин Сетз аз Олмон, Виллис Гарсия аз Венесуэла ва Кубаничбек Ойбек Уулу аз Қирғизистон ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт.

Эмомалӣ дар нимфинал ба намояндаи дастаи бетараф (AIN) Яго Абуладзе дастболо шуда, ба финал баромад. Вай дар қувваозмоии ниҳоӣ барои медали тилло ба намояндаи Исроил – Барух Шмаилови 29-сола ғалаба кард.

Ба паҳлавони ҷавони тоҷик ба ҷуз аз медали тилло ва имтиёзҳои олимпӣ, инчунин ҷоизаи молӣ ба маблағи 5000 евро супурда шуд.

Зимнан, ин дувумин медали тиллои Эмомалӣ Нуралӣ дар мусобиқоти силсилаи ҷаҳонии ҷудо «Grand Slam” ба шумор меравад. Медали аввалини тиллоро низ ӯ соли гузашта дар Тошканд ба даст оварда буд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи “Tashkent Grand Slam 2024” 495 варзишгар (255 мард ва 240 зан) аз 68 кишвари чаҳор қораи ҷаҳон иштирок карданд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа 14 варзишгар (10 мард ва 4 зан) дохил буд: мардон - Меҳрзод Суфиев, Ҳақдод Гулов (ҳарду дар вазни то 60 кг), Эмомалӣ Нуралӣ (-66 кг), Маҳмадшариф Наҷмиддинов (-73 кг), Сайфиддин Сайфиддинзода, Суннатулло Мусоев (ҳарду дар вазни то 81 кг), Комроншоҳ Устопириён, Акмал Муродов (ҳарду дар вазни то 90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) ва Шакармамад Мирмамадов (+100 кг); занон - Шукрона Қарчиева (-48 кг), Аҳлия Муъминова (-52 кг), Фазилат Гулбоева (-57 кг) ва Мавлуда Одинаева (-63 кг).

Аз байни онҳо танҳо Эмомалӣ Нуралӣ медал гирифт. Варзишгарони дигари тоҷик дар даврҳои интихобӣ ноком шуда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гаштанд.

Варзишгарон дар ин мусобиқаи бонуфузи байнулмилалӣ ба ҷуз аз медал, соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонӣ ва олимпӣ шуданд.

Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медод. Ғолибон дар ҳар як вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони нишони биринҷӣ бо 1500 евро мукофотонида шуданд.

Ғолибону ҷоизадорони Tashkent Grand Slam 2024

Мардон

-60 кг

1. Достон РУЗИЕВ (Узбекистон)
2. Георги САРДАЛАШВИЛИ (Гурҷистон)
3. Солеҳ ЮЛДИЗ (Туркия)
3. Ромаин ВАЛЕДЕ ПИКАР (Фаронса)

-66 кг
1. ЭМОМАЛӢ Нуралӣоҷикистон)
2. Барух ШМАИЛОВ (Исроил)
3. Мурод ЧОПАНОВ (Русия)
3. Вилиан ЛИМА (Бразилия)

-73 кг
1. Мануэл ЛАМБАРДО (Италия)
2. Данил ЛАВРЕНТЕВ (Русия)
3. Шаҳром АҲАДОВ (Узбекистон)
3. Обидҷон НУМОНОВ (Узбекистон)

-81 кг
1. Маттиас КАССЕ (Белгия)
2. Шамил БОРЧАШВИЛИ (Австрия)
3. Михайло СВИДРАК (Украина)
3. Таканори НАГАСЕ (Ҷопон)

-90 кг
1. Теорос ЦЕЛИДИС (Юнон)
2. Ивайло ИВАНОВ (Булғористон)
3. Кристиан ПАРЛАТИ (Италия)
3. Давлат БОБОНОВ (Узбекистон)

-100 кг
1. Музаффарбек ТУРОБОЕВ (Узбекистон)
2. Матвей КАНИКОВСКИЙ (Русия)
3. Дота АРАИ (Ҷопон)
3. Петр КУЧУРА (Полша)

+100 кг
1. Ҳиога ОТА (Ҷопон)
2. Тамерлан БАШАЕВ (Русия)
3. Кокоро КАГУЕРА (Ҷопон)
3. Инал ТАСОЕВ (Русия)


Занон

-48 кг
1. Сабина ГИЛЯЗОВА (Русия)
2. Абиба АБДУЖАКИНОВА (Қазоқистон)
3. Тара БАБУФАТ (Шветсия)
3. Тугче БЕДЕР (Туркия)

-52 кг
1. Амандин БУШАРД (Фаронса)
2. Гулҳаё ҶУРАЕВА (Узбекистон)
3. Сосорбарам ЛХАГВАСУРЕН (Муғулистон)
3. Челси ҶИЛ (Британияи Кабир)

-57 кг
1. Престсила ГНЕТО (Фаронса)
2. Ҳарука ФУНАКУБО (Ҷопон)
3. Паулина СТАРК (Олмон)
3. Арлета ПОДОЛАК (Полша)

-63 кг
1. Кларисса АГБЕНУНУ (Фаронса)
2. Момо ТАТСУКАВА (Ҷопон)
3. Нами НАБЕКУРА (Ҷопон)
3. Андре ЛЕСКИ (Словения)

-70 кг
1. Мариам БУТКЕРИТ (Олмон)
2. Марго ПИНО (Фаронса)
3. Саки НИЗОЕ (Ҷопон)
3. Миргит ДЕ ВУД (Нидерланд)

-78 кг
1. Рика ТАКАЯМА (Ҷопон)
2. Фанни Естел ПОСВИТ (Фаронса)
3. Анна-Мария ВАГНЕР (Олмон)
3. Алис БАЛАНДИ (Италия)

+78 кг
1. Ксин СУ (Чин)
2. Рури ТАКАНАШИ (Ҷопон)
3. Майя СЕГАВА (Ҷопон)
3. Элис СТАРСЕВА (Русия)

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Фаронса бо касби 6 медал (3 тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ) ҷойи аввалро гирифт. Мунтахаби Ҷопон бо касби 11 медал (2 тилло, 3 нуқра, 6 биринҷӣ) дуюм ва мунтахаби Узбекистон бо касби 6 медал (2 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ) сеюм шуданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо 1 нишони тилло дар ҷойи ҳаштум қарор гирифт.

Паҳлавонони тоҷик соли гузашта дар “Tashkent Grand Slam 2023” ду медал (як нишони тилло ва як биринҷӣ) ба даст оварда буданд.

Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кило медали тилло гирифт. Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кило барандаи медали биринҷӣ гардид.

Зимнан, “Tashkent Grand Slam 2024” чаҳорумин мусобиқа аз силсилаи чорабиниҳои Федератсияи байнулмилалии ҷудо дар соли равон маҳсуб мешуд. Дар ду мусобиқаи имсола «Grand Prix Portugal 2024» ва “Paris Grand Slam 2024» паҳлавонони тоҷик бе медал монданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз мусобиқаи “Baku Grand Slam 2024” бо як медали нуқра баргашт. Ин медалро Абубакр Шеров, паҳлавони 20-солаи тоҷик, дар вазни то 73 кило ба даст овард.

XS
SM
MD
LG