Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як хешованди президент раиси дастаи “Вахш” шудааст


Зайнулло Шарифзода (чап) ва Муҳсин Муҳаммадиев (рост). Акс аз Федератсияи Футболи Тоҷикистон
Зайнулло Шарифзода (чап) ва Муҳсин Муҳаммадиев (рост). Акс аз Федератсияи Футболи Тоҷикистон

Зайнулло Шарифзода, мудири Оҷонси хариди давлатии мол, кор ва хидматрасонии Тоҷикистон, ки аз хешовандони президент аст, раиси нави бошгоҳи футболи “Вахш”-и шаҳри Бохтар гардид.

Мутахассиси маъруф Муҳсин Муҳаммадиев, ки пештар ноиби аввали президенти бошгоҳи футболи “Истиқлол”-и Душанбе буд, мудири дастаи “Вахш” таъйин шуд. Вай дар ин вазифа Исроил Шарифовро, ки давоми 30 сол кор кардааст, иваз намуд.

Роҳбарони нави қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон 26-уми феврал дар ҷаласаи васеи бошгоҳи футболи “Вахш”, ки дар шаҳри Бохтар доир гардид, муаррифӣ шуданд.

Чанд рӯз пеш Тоҳирҷон Муъминов, мутахассиси футболи тоҷик, сармураббии дастаи лигаи якуми Тоҷикистон – “Вахш”-и Бохтар – таъйин шуда буд. Муъминов баъди ба итмом расидани қарордоди яксолаи ҳамкориаш ба ҳайси сармураббӣ дар дастаи дигаи олӣ - “Равшан”-и Кӯлоб - аз ин бошгоҳ рафт.

Дастаи машҳур – “Вахш”, ки таърихи беш аз 60-сола дорад, дар замони истиқлол се бор қаҳрамон ва ду дафъа барандаи Ҷоми Тоҷикистон шудааст. Ин даста, ки солҳои охир «Хатлон»-и Бохтар ном дошт, порсол дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон ҷойи охиринро ишғол кард ва аз лигаи олӣ хориҷ шуд.

Дастаи “Хатлон”, ки имсол номи пештарааш – “Вахш”-ро гирифт, дар мусобиқаи лигаи якуми Тоҷикистон ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

Зайнулло Шарифзода аз хонаводаи Соҳибовҳо аст, ки бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон риштаи хешутаборӣ доранд. Амаки Зайнулло - Маҳмадзоир Соҳибов бо духтари калонии президент - Фирӯза Раҳмонова ва бародари Зайнулло - Шамсулло Соҳибов бо духтари панҷуми Эмомалӣ Раҳмон - Рухшона Раҳмонова издивоҷ кардаанд.

Эмомалӣ Раҳмон ва наздиконаш, ки ба инҳисори қудрату мансабҳои баланди давлатӣ ва тиҷоратҳои сердаромад танқид мешаванд, дар соҳаи варзиш низ вазифаҳои иҷтимоиро бар дӯш доранд. Худи Эмомалӣ Раҳмон президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аст. Писари калонияш, Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) мебошад.

Исмоили Маҳмадзоҳир, набераи Эмомалӣ Раҳмон, раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, Шамсулло Соҳибов, домоди Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ассотсиатсияи намудҳои зимистонаи варзишанд.

Зайнулло Шарифзода, ки раиси бошгоҳи “Вахш” шуд, 1-уми ноябри соли 2022 раиси Федератсияи таеквондо (WT)-и Тоҷикистон интихоб шудааст.

XS
SM
MD
LG