Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як фармони Мирзиёев баҳсҳоеро дар Туркманистон ба бор овардааст


Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев чанде қабл фармон дар бораи таҷлили 300-солагии шоир ва мутафаккири туркман Махдумқулӣ Фироқиро имзо кардааст.

Ҳамсуҳбатони бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфтанд, намояндагони зиёиёни туркман изҳори миннатдорӣ кардаанд, ки раисҷумҳури Узбекистон дар фармони худ ба аҳамияти Фироқӣ на танҳо ҳамчун мутафаккир ва шоири бузурги туркман, балки ҳамчун муаллифи барҷастаи асарҳои арзишманд ва наздик ба ҳар як хонаводаи узбек таъкид кардааст.

Ба гуфтаи намояндагони узбекҳои муқими Туркманистон, асарҳои Махдумқулӣ Фироқӣ ба забон ва ҷаҳонбинии мардуми узбек хеле наздиканд.

"Аз ин рӯ, ин тасмими раисҷумҳурии Узбекистон барои мо як рӯйдоди хурсандиовар буд", - гуфтааст яке аз сокинони узбектабори Туркманистон.

Ходимони фарҳангӣ ва сокинони одӣ, аз ҷумла узбектаборони Туркманистон бар инанд, ки тақвияти робитаҳои фарҳангии ду ҷониб танҳо ба нафъи мардумони ду кишвар мебошад.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати радио, узбектаборони туркманистон, ки ба ҳайси омӯзгор кор мекунанд, гуфтаанд, хонандагон аз он норозиянд, ки Ишқобод бар хилофи Тошканд ба хотири "дустиву бародарии халқҳо ва тақвияти робитаҳои фарҳангии ду кишвар" дар амал коре намекунад.

XS
SM
MD
LG