Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футболбозони навраси тоҷик дар Минск ҳарсе бозиро бохтанд


Акс аз fft.tj
Акс аз fft.tj

Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) бо роҳбарии сармураббӣ Далер Каёсов дар бозии сеюмаш дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2024» дар Минск аз тими Қазоқистон (U-16) бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд.

Дар ин бозии даври охирини гурӯҳи “В”, ки дар толори футболи Минск баргузор шуд, Сатпаев дар дақиқаи 57-ум ҳисобро кушод. Голи дуюми қазоқҳоро Алдиёр Нургалӣ дар дақиқаи 77-ум зад.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар бозии аввалинаш дар «Ҷоми рушд-2024» аз тими Беларус (U-16) бо ҳисоби 0:3 ва дар бозии дуюмаш аз тими Русия (U-17) бо ҳисоби 1:6 шикаст хӯрда буд.

Ҳамин тариқ, мунтахаби Тоҷикистон (U-16), ки ҳарсе бозиро бохт, дар гурӯҳи “В” бидуни имтиёз дар ҷойи охирин – чаҳорум - қарор гирифт.

Футболбозони навраси тоҷик 24-уми феврал барои ҷойи 7-ум бо мунтахаби Озарбойҷон (U-16) рақобат мекунанд.

Дар гурӯҳи “В” дастаи Русия (U-17), ки дар ҳарсе бозӣ пирӯз шуд, бо 9 имтиёз мақоми аввалро соҳиб гашт. Мунтахаби Беларус (U-16) бо 6 имтиёз ҷойи дуюм ва дастаи Қазоқистон (U-16) бо 3 имтиёз ҷои сеюмро гирифтанд. Дар гурӯҳи “А” мунтахаби Беларус (U-17) бо 7 имтиёз ғолиб омад. Дастаи Узбекистон (U-17) бо 5 имтиёз дуюм шуд. Мунтахаби Русия (U-16) бо 4 имтиёз ҷойи сеюм ва дастаи

Озарбойҷон (U-16) бидуни имтиёз ҷойи охиринро ишғол карданд.

Ба ин тартиб, дар бозии ниҳоӣ, ки 24-уми феврал дар толори футболи Минск доир мегардад, дастаҳои мунтахаби то 17-солаи Беларус ва Русия барои ҷоизаи асосӣ мубориза мебаранд. Барои медалҳои биринҷӣ дастаҳои мунтахаби Беларус (U-16) ва Узбекистон (U-17) талош меварзанд.

24-уми феврал (шанбе)

Бозӣ барои ҷойи 7-ум

Озарбойҷон ((U-16) – Тоҷикистон (U-16)

Бозӣ барои ҷойи 5-ум

Русия ((U-16) – Қазоқистон ((U-16)

Бозӣ барои ҷойи 3-юм

Узбекистон (U-17) – Беларус (U-16)

ФИНАЛ

Беларус (U-17) – Русия (U-17)

XS
SM
MD
LG