Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модари Навалний хост, барои таҳқири ҷасади писараш парванда боз шавад


Вакили дифои Людмила Навалная дар аризае ба номи Кумитаи тафтишоти Русия талаб кардааст, ки барои "таҳқири ҷасади писараш" таҳқиқи ҷиноӣ шурӯъ шавад. Акси аризаро Иван Жданов, як ҳамсафи марҳум Алексей Навалний 24 феврал нашр кард.

Дар ин ариза модари Навалний гуфтааст, мутобиқи суннатҳои дини православӣ, ҷасади шахси даргузашта бояд дар рӯзи сеюми марг ба хок супурда шавад. “Аз замони даргузашти ӯ 8 рӯз гузашт ва то ҳозир ҷасади ӯ дар хок нест”, навиштааст дар ариза модари Навалний.

Аз рӯи қонунҳо, ду рӯз баъди анҷоми тафтиши тиббию судии ҷасад он бояд барои хоксупорӣ ба наздиконаш дода шавад. 24 феврал аз замони анҷоми чунин таҳқиқ ду рӯз пур мешавад, вале мақомот ба додани ҷасади Навалний омода нестанд.

Дирӯз муфаттиш Варапаев ба модари Навалний шарт гузошта гуфтааст, ки ҷасад бояд ба таври пинҳонӣ бидуни маросими ҷанозаи ҷамъиятӣ ба хок супурда шавад, агар не, ӯро дар қабристони маҳбас ба хок месупоранд.

Кира Ярмиш, сухангӯи Навалний гуфт, ки модари сиёсатмадор дигар ин баҳсро бо муфаттишон идома надод, чунки ин гуна сӯҳбатҳо дар салоҳияти онҳо нест ва касе ба ӯ дастур дода наметавонад, ки маросими хоксупории писараш чӣ гуна ва дар куҷо барпо шавад. Модари Навалний пойфишорӣ мекунад, ки қонунҳо риоя шаванд.

Хадамоти иҷрои ҷазо гуфт, Навалний 16 феврал дар маҳбас даргузашт, вале наздикон ва тарафдоронаш ба ин бовар надоранд ва мегӯянд, ӯро куштаанд. То ҳанӯз натиҷаҳои ташхиси тиббию судии сабабҳои марги Навалний эълон нашудааст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG