Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳакерҳои чинӣ маълумоти шахсии қазоқистониҳоро дуздидаанд


Маркази таҳлил ва таҳқиқи ҳамлаҳои сайберӣ ё кибернетикии Қазоқистон гуфт, як гурӯҳи ҳакерӣ беш аз ду сол ба зербиноиҳои муҳими операторони алоқаи ин кишвар дастрасӣ дошта, аз ҷумла, тӯли зангҳои телефонӣ ва IMEI-и дастгоҳҳоро назорат мекардааст.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Қазоқистон хабар доданд, ки дар "GitHub" маълумоти шахсии зиёд нашр шуда, ки эҳтимол аз сӯи "I-Soon", ширкати чинии дастраскунандаи дастгоҳҳои амнияти киберӣ ҷамъоварӣ мешуд.

Дар "GitHub" маълумот дар бораи муштариёни ширкатҳои "Beeline", "Tele-2" ва "Казахтелеком" нашр шудааст.

Марказ бар ин аст, ки нашри маълумоти шахсии қазоқистониҳо дар "GitHub" “натиҷаи амалҳои ғайрисистемавӣ ва бартарии манфиатҳои идоравӣ аз манфиатҳои давлатӣ мебошад".

Манбаъ гуфтааст, ҳакерҳои чинӣ аз нармафзори зараровари "троян" барои "Windows", "Mac", "iOS", "Android, хадамоти "DDoS" истифода кардаанд.

Дар миёни корхонаҳое, ки маълумоти онҳо ифшо шудааст, Бунёди ягонаи нафақа, маълумот дар бораи ширкати ҳавопаймоии "Air Astana" ва хадамоти почтаи Вазорати дифои Қазоқистон низ ҳастанд.

Дар Маркази таҳлил ва таҳқиқи ҳамлаҳои сайберии Қазоқистон гуфтанд, маълумоти марбут ба кормандони ниҳодҳои қудратӣ, аз ҷумла маъмурони Кумитаи амнияти миллии он кишвар низ фош шудааст.

XS
SM
MD
LG