Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаримаҳои "Шаҳри бехатар"-ро ба сохтмони "Роғун" доданд


Маҳалли сохтмони "Роғун"
Маҳалли сохтмони "Роғун"

Ҳукумати Тоҷикистон барои идома додани сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" 100 миллион сомонӣ ё беш аз 9 миллион доллар ҷудо кардааст.

Қарори ҳукумат 10-уми феврали имсол қабул шуда, Радиои Озодӣ 19-уми феврал нусхаи онро дид. Дар ҳуҷҷат омадааст, 100 миллион сомонӣ барои неругоҳи "Роғун" аз манбаъҳои зерин пардохта мешавад:

  • 60 миллион сомонӣ даромади саҳмияҳои давлатӣ;
  • 23 миллион сомонӣ фоидаи софи корхонаҳои давлатӣ;
  • 17 миллион сомонӣ ҷаримаҳо аз камераҳои “Шаҳри бехатар”.

Ҳукумат раҳбарони нерӯгоҳи “Роғун”-ро вазифадор кардааст, ки дар бораи тарзи харҷи ин пул ба Вазорати молия гузориш диҳанд.

Ҳукумати Тоҷикистон то ин вақт аз буҷети кишвар барои нерӯгоҳи “Роғун” миллионҳо доллар ҷудо кардааст. Аммо мақомот гуфтаанд, барои идомаи сохтмони он сармояи хориҷӣ ҷустуҷӯ доранд.

Сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” дар давраи Шӯравӣ оғоз ёфт, вале ба иллати ҷанги дохилии солҳои 1992-97 боздошта шуд. Соли 2010 мақомот як маъракаи нимамаҷбурии саросарӣ фурӯши саҳмияҳоро ба роҳ монданд ва танҳо баъд аз эътирози созмонҳои ҷаҳонии молиявӣ онро қатъ кард.

Нерӯгоҳи "Роғун"-ро ширкати итолиёии "Салини Импреҷило" (Salini Impregilo SpA) месозад. Гуфта мешавад, ҳоло ду чархаи он кор мекунад, вале бо вуҷуди ин дар фасли сармо сокинони Тоҷикистон нерӯи басандаи барқ надоранд ва аксари минтақаҳо дар шабонарӯз 8 соат бо барқ таъмин ҳастанду бас.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 28-уми декабри соли 2023 дар паёмаш ба порлумон гуфт, чарха ё агрегати сеюми нерӯгоҳи “Роғун” дар соли 2025 ба истифода дода хоҳад шуд. Вале гуфта нашуд, ки оё он гоҳ мушкили камбуди барқ ҳалли худро хоҳад ёфт ё на.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG