Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навалний, мухолифи сарсахти Путин дар маҳбас даргузаштааст. ВИДЕО


​​​​​​​Алексей Навалний, раҳбари зиндонии мухолифони ҳукумати Русия дар маҳбасе дар ҳавзаи мухтори Ямало-Ненетс даргузашт.

Дар ин бора Хадамоти федеролии иҷрои ҷазои Русия хабар додааст.

Навалний 47 сола буд. Дар хабари расмӣ омадааст, ки Навалний рӯзи 16-уми феврал "баъд аз сайругашт худро бад ҳис карда, аз ҳуш рафтааст." Талоши пизишкони ёрии таъҷилӣ барои наҷоти ӯ бенатиҷа будааст.

Хадамоти федеролиии иҷрои ҷазои Русия ё ФСИН ба маҳбасе, ки Навалний он ҷо нигаҳдорӣ мешуд ва ҷон бохт, комиссия фиристодааст. Кумитаи тафтишотии Русия аз оғози таҳқиқи марги Навалний хабар дод.

Вакили дифои сиёсатмадор, Леонид Соловев аз шарҳи марги Навалний худдорӣ кардааст. Вай гуфт, рӯзи чоршанбе бо зерҳимояаш мулоқот дошт ва он замон ӯ хуб буд.

Алексей Навалний кӣ буд?

Алексей Навалний, мухолифи сарсахти Путин дар маҳбас даргузашт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:43 0:00

Тавре маълум шудааст, рӯзи 14 уми феврал, Навалнийро барои бори 27- ум дар ҳуҷраи танбеҳ ҷой кардаанд.

Канали телеграмии SOTAvision навори дирӯзаи сӯҳбати Алексей Навалнийро аз мурофиа дар Додгоҳи Ковровский нашр кардааст. Сиёсатмадор тариқи иртиботи видеоӣ аз маҳбас дар ин мурофиа ширкат карда, шухӣ мекунаду сиҳат ба назар мерасад.

Ба зиндон дар ҳавзаи мухтори Ямало-Ненетс Алексей Навалний, ду моҳи пеш интиқол шуда буд. Худаш дар паёме рӯзи 26-уми декабр гуфта буд, интиқол ба зиндони низомаш махсус дар минтақаи дуру сарди Русия бист рӯз давом кард ва бисёр хастакунанда буд.

Алексей Навалний, мухолифи президенти Русия Владимир Путин, дар моҳи январи соли 2021 дастгир ва зиндонӣ шуд. Моҳи августи соли 2023 ӯро бар асоси парвандаи ташкил ва сармоягузории созмони тундгароёна ба 19 сол зиндон маҳкум карданд.

Навалний худро бегуноҳ медонист ва ҳукми додгоҳро дорои ангезаи сиёсӣ хондааст. Ҳомиёни ҳуқуқ ӯро маҳбуси сиёсӣ эътироф карданд.

Раҳбарони кишварҳо ва сиёсатмадорон марги Алексей Навалнийро вокуниш кардаанд.

Садри аъзами Олмон, Олаф Шултс гуфт, Навалний "ҳаёти худро фидои ҷасорати худ кард" Вазири корҳои хориҷии Фаронса, Стефан Сежу изҳор дошт, ки "марг дар зиндон воқеияти режими Владимир Путинро ба ёди мо меорад". Раиси Шӯрои Аврупо Шарл Мишел гуфт, "Навалний қурбонии бузурги мубориза барои арзишҳои озодӣ ва демократия аст."

Бино ба хабарҳои расмӣ, Энтони Блинкен, котиби давлатии ИМА дар Мюнхен, бо Юлия Навалний, ҳамсари Алексей Навалний вохӯрда, ба ӯ изҳори тассалият кардааст. Таъкид шудааст, ки Блинкен ҳукумати Русияро масъули марги Навалний медонад.

Ноиби президенти Амрико, Камола Ҳаррис, зимни сухаронии худ дар нишасте дар Мюнхен, марги эҳтимолии Алексей Навалнийро “Далели дигари бераҳмии Путин” номидааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG