Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар як сол 200 касро барои ҷавобгарӣ ба Тоҷикистон истирдод карданд


Бо дархости Тоҷикистон дар як соли ахир беш аз 200 нафар аз хориҷа ба кишвар истирдод шудааст.

Ин рақам рӯзи 16 - уми феврал дар нишасти хабарии Додситонии кулли Тоҷикистон садо дод.

Юсуф Раҳмон, Додситони кулл гуфт, ин кор дар натиҷаи ҳамкориҳо бо мақомоти додситонии дигар давлатҳо сурат гирифтааст, аммо вай аз кишваре ном набурд.

Омори истирдодшудаҳо ба фарқ аз соли 2022 100 маврид бештар шудааст. Соли 2022 мақомоти Додситонӣ аз истирдод шудани наздик ба сад нафар, аз ҷумла 18 гумонбар ба терроризму ифротгароӣ аз кишварҳои хориҷӣ ба Душанбе хабар дода буданд.

Юсуф Раҳмон дар нишасти ахири хабарӣ гуфт, афроди ба Тоҷикистон истирдодшуда барои даст доштан дар ҷиноятҳои гуногун ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Дар бораи шахсият, иттиҳом ва муҳалти ҷазои онҳо чизе гуфта нашуд.

Соли гузашта Тоҷикистон ҳамчунин даҳҳо шаҳрванди хориҷиро боздошту ба кишварҳои худ фиристодааст.

“Тибқи дархости мақомоти прокуратураи як қатор давлатҳо, тақрибан 30 нафар шаҳрвандони онҳоро дар Тоҷикистон дастгир карда, ба он давлатҳо фиристодем.”-афзуд, Юсуф Раҳмон.

Дар соли 2023 чанд ҳолати истирдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла аз кишварҳои Аврупо расонаӣ шуда буд.

Билол Қурбоналиев, узви ҳаракати сиёсии "Гурӯҳи 24" ва Абдуллоҳи Шамсиддин, паноҳҷӯйи дигари тоҷик, аз зумраи онҳоеянд, ки аз Олмон ба Тоҷикистон ронда шуданд. Ба иттилои "Гурӯҳи 24" Низомиддин Насриддинов, узви собиқи ин ҳаракатро аз Беларус ба Тоҷикистон фиристоданд.

Мухолифони тоҷик аз истирдоди баъзе аз пайравонашон аз Аврупо ба Душанбе нигарон ҳастанд. Ҳомиёни ҳуқуқ дар Аврупо мегӯянд, дастгиру берун кардан ва ба ҳукумати Тоҷикистон супурдани баъзе аз муҳоҷирону паноҳҷӯён зери шиори мубориза бо ҷинояткорӣ бештар шудааст.

Хонаводаи баъзе афроди истирдодшуда чунин амали мақомотро беасос медонанд. Мақомоти тоҷик дар гузашта борҳо таъкид намудаанд, ки истирдоду муҷозоти сокинон беасос набуда, далелҳое руи даст доранд. Вале ҷузъиёти парвандаи истирдодшудаҳо на ҳамеша шарҳ дода мешавад.

XS
SM
MD
LG