Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русҳо дар бораи ошиқӣ дар ҷои кор назар додаанд


Маъмулан 14-уми феврал ошиқон ба ҳам гули садбарг тӯҳфа мекунанд.
Маъмулан 14-уми феврал ошиқон ба ҳам гули садбарг тӯҳфа мекунанд.

Дар як пурсиши афкори умум дар Русия аксарият гуфтаанд, ки эҷоди робитаҳои ошиқона дар ҷои кор як ҳолати оддӣ аст.

Маркази омӯзиши афкори умум дар Русия рӯзи 14 феврал, ба муносибати Рӯзи ошиқон натиҷаҳои пурсиши худро нашр кардааст.

Дар ин пурсиш 68 дарсад гуфтааст, ки ҷуфти зиндагии худро дар ҷои кор ё маҳалли таҳсил пайдо кардаанд ва чунин вазъият як ҳолати оддӣ мебошад.

Танҳо 20 дарсад гуфтаанд, ки робитаҳои ошиқонаи миёни ду ҳамкор хуб нест, вале қобили таҳаммул мебошад. Айни замон, тахминана чоряки пурсидашуҳо гуфтаанд, ки мухолифи робитаҳои ошиқонаи раҳбар ва зердасташ мебошанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG