Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирзоҳалим Каримов дар Қирғизистон даргузаштааст. ВИДЕО


Мирзоҳалим Каримов
Мирзоҳалим Каримов

Мирзоҳалим Каримов, нависанда ва рӯзноманигори зодаи Тоҷикистон, ки баъдан ба Қирғизистон кӯчиду дар онҷо кору зиндагӣ кард, 26-уми январи имсол даргузаштааст. 72 сол дошт. Муддати зиёде аз беморӣ ранҷ мекашид. 

"Як руҷӯи сесаҳифаии Манас ва Санирабигӣ (Хоникей)-ро навиштам, ки мегӯяд “қасам, зодагони мо - қирғизҳо ва тоҷикон, тирандозӣ накунед”. Дар он гуфта мешавад, “агар ба ҳамдигар тир мезанед, он аввал дили ман ва модаратон Санирабигиро шикофта, сипас ба тарафи Шумо меравад.” Ин яке аз нақлҳои Мирзоҳалим Каримов ба Радиои Озодист.

Ӯ дар пайванд ба ҳодисаҳои чанд соли охир дар сарҳади Қирғизистон ва Тоҷикистон матлаби зиёд нашр карда, ду тарафро ба дӯстӣ хондааст. Дар ин ҳодисаҳо аз ду тараф даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд. Мегуфт, дар байни мардуме, ки дер боз бо ҳамдигар робита доранд, набояд душманӣ бошад.

Худаш дар ноҳияи Ҷиргатол, Лахши ҳозираи Тоҷикистон, ба дунё омада калон шуд, аммо дар охири солҳои 70-ум ба Қирғизистон кӯчид. Асосан ба забони қирғизӣ менавишт. Қариб бист китоб чоп кардааст.

Шоистаи Равшан
Шоистаи Равшан

Як бахши кораш тарҷимаи адабиёт буд ва ба ин васила тавонистааст осори баъзе аз адибони тоҷикро ба хонандагон дар Қирғизистон бирасонад. Ӯро шахсе медонанд, ки дӯстиро бештар меписандид ва ба Тоҷикистону Қирғизистон муҳаббат ва дилбастагии баробар дошт.

"Ҳамчун пуле байни адабиёти Қирғизистон ва Тоҷикистон хидматҳои хеле арзанда кардаанд. Китобҳои Фазлиддин Муҳаммадиев, Садриддин Айнӣ, Меҳмон Бахтӣ ва дигаронро аз тоҷикӣ ба қирғизӣ тарҷума карданд,” – мегӯяд Шоистаи Равшан, раҳбари гурӯҳи эҷодии "Аржанг".

Вай афзуд, “ҳамкории мо бо Мирзоҳалим Каримов бисёр зич буд. Нақша доштем, ки китобҳои маро низ ба забони қирғизӣ баргардонем. Мо, тоҷикон, хидматҳои ӯро дар назди ду миллат фаромӯш намекунем.”

Мирасрор Аҳроров (Фарғонӣ), рӯзноманигори тоҷики Узбекистон, ба мисли Мирзоҳалим Каримов ҷонибдори дӯстии мардуми Узбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон аст.

Мирасрор Аҳроров (Фарғонӣ)
Мирасрор Аҳроров (Фарғонӣ)

“Замоне ки дар Анҷумани тоҷикони Қирғизистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ кор мекардам, мо тавонистем рӯзномаеро бо номи “Паёми Ала-Тоо” чоп кунем. Он як саҳифаи қирғизӣ дошт. Чопи матолиби ин саҳифа ба дӯши акаи Мирзоҳалим Каримов вогузор шуда буд. Дар ин саҳифа вай дар бораи дӯстии халқҳои тоҷику қирғиз, шоирону нависандагони ду кишвар матлаб чоп кардааст. Барои наслҳои оянда дар бораи дӯстии ин ду халқ, тоҷик ва қирғиз, бисёр чизҳои нағз боқӣ гузоштааст,” – гуфт ӯ.

Мирзоҳалим Каримов на танҳо нависандаву шоиру тарҷумон, балки мардумшинос низ буд. Дар бораи урфу одат, фарҳанг ва рӯзгори қирғизҳои Тоҷикистон чанд китоб навиштааст.

Нависандаи Қирғизистон Рафиқ Турдубоев мегӯяд, "чунин одамон заруранд. Агар мо бо ҷаҳони берун, ҳамсояҳо ва фарҳангҳои дигар робита накунем, рушд карда наметавонем.”

Наворро дар инҷо бинед:

Мирзоҳалим Каримов, узви Иттиҳоди адибони Қирғизистон ва Тоҷикистон, дар соли 2017 бо медали "Шараф" сарфароз шудааст. Вале се соли охир дар як хонаи оҳанӣ, дар шароити бад, мезист ва ба сиҳатияш осеби ҷиддӣ расид.

Пизишкон дар Қирғизистон гуфта буданд, нависанда ба пайванди гурда ниёз дорад ва арзиши ҷарроҳӣ 10 ҳазор доллар аст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ мардум барои ёрӣ ба ӯ камубеш пул ҷамъ оварданд, вале наҷот дода натавонистанд.

Фавти Мирзоҳалим Каримов дар Қирғизистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:46 0:00

Матлабро Бахши Фарғонаи Радиои Озодӣ омода кард

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG