Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабукии Узбекистону Қазоқистон ба шаҳрвандони ҳамдигар


Марзи Узбекистон ва Қазоқистон.
Марзи Узбекистон ва Қазоқистон.

Муҳлати будубоши шаҳрвандони Узбекистон ва Қазоқистон дар кишварҳои ҳамдигар бидуни қайди маҳалли зист аз 5 то ба 30 рӯз зиёд шуд.

Порлумони Қазоқистон ахиран дар ин замина ба санади байниҳукуматии ду ҷониб дар бораи сафари шаҳрвандон ба кишварҳои ҳамдигар тағйирот ворид кард.

Бар асоси ин тағйирот, шаҳрвандони Қазоқистон ва Узбекистон метавонанд дар кишварҳои ҳамдигар бидуни қайд то 30 рӯз бимонанд.

Созиш дар ин бора ҳанӯз дар мулоқоти раҳбарони ду кишвар дар моҳи декабри соли 2022 ҳосил шуда буд ва ҷониби Узбекистон санадро моҳи апрели соли гузашта тасвиб кардааст.

Қаблан қоидаҳои муҳоҷират миёни Узбекистон ва Қирғизистон ҳам осонтар карда шуданд. Аз ҷумла, шаҳрвандони ду кишвар аз моҳи сентябри соли гузашта метавонанд ба давлатҳои ҳамдигар бо шиносномаи дохилӣ сафар кунанд.

XS
SM
MD
LG