Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳлати ҳабси Алсу Қурмашеваро дар Қазон дароз карданд


Алсу Қурмашева
Алсу Қурмашева

Додгоҳи ноҳияи Советскийи шаҳри Қазон (Русия) ҳабси Алсу Қурмашева, хабарнигори бахши тоториву бошқирдии Радиои Озодиро то 5-уми апрели имсол дароз кард. Қарор рӯзи якуми феврал содир шуд.

Алсу Қурмашева аз моҳи октябри соли 2023 боз дар боздошт аст.

“Ин хабари дардовар барои рӯзноманигори амрикоӣ Алсу Қурмашева ва аҳли оилаи ӯст. Онҳо сазовор ҳастанд, ки якҷоя бошанд,” -- гуфт Стивен Капус, иҷрокунандаи вазифаи президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ

Ӯ рӯзи панҷшанбе дар эъломияе афзуд: “Алсу чаҳор моҳ инҷониб дар зиндони Русия аст. Рӯшан аст, ки ӯро ғайриқонунӣ дастгир кардаанд. Вай амрикоӣ ва рӯзноманигоре аст, ки кори худро боҷуръатона анҷом медиҳад. Ду чизе, ки Маскав тоқаташро надорад.”

Мурофиаи рӯзи якуми феврал паси дарҳои баста гузашт. Вакили мудофеи Алсу Қурмашева пофишорӣ кард, ки боздошти хабарнигорро ба ҳабси хонагӣ иваз кунанд, вале додрас напазируфт.

Хабарнигоронро танҳо барои шунидани қарор ба толори додгоҳ роҳ додаанд.

Алсу Қурмашева, ки дар қароргоҳи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар шаҳри Прага кор карда, соҳиби шаҳрвандии дугонаи Русия ва Амрико мебошад, моҳи майи соли 2023 бо зарурати оҷили хонаводагӣ ба Қазон рафт.

Ӯро рӯзи 11-уми октябри соли 2023 барои он ки шиносномаи амрикоиашро дар ниҳодҳои Русия сабтином накард, 10 ҳазор рубл (муодили 103 доллари амрикоӣ) ҷарима бастанд.

Сипас, 18-уми октябри соли 2023, дар шаҳри Қазон дастгир карда, аввал барои сабти ном нашуданаш ҳамчун "агенти хориҷӣ" ва баъдан ба "дурӯғпароканӣ дар бораи артиши Русия" муттаҳам намуданд. Иттиҳоми аввал панҷ сол ва иттиҳоми дувум даҳ сол зиндонро дар назар дорад.

Алсу Қурмашева ва Радиои Озодӣ ин иттиҳомҳоро рад карда, гуфтаанд, Маскав ӯро барои фаъолияти рӯзноманигорӣ ҷазо медиҳад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG