Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситони қазоқ барои гумонбарони "ғасби қудрат" 15 соли зиндон талаб кард


Яке аз додгоҳҳои шаҳри Алмато.
Яке аз додгоҳҳои шаҳри Алмато.

Айбдоркунандаи давлатӣ барои гумонбарони парвандаи "тарҳрезии ошӯбҳои оммавӣ барои ғасби қудрат" дар рӯзи интихоботи президентии Қазоқистон то 15 соли зиндон талаб кард.

Расонаи "Masa Media" хабар дода, ки додситони шаҳри Алмато аз додгоҳ хостааст, гумонбарон Айдос Илипбоев 3 солу 4 моҳ, Оқилҷон Кисимбоев, Тенлик Нурланов, Олжас Кулжаханов ва Сагингул Конар 13-солӣ, Ержан Торекулову Бағдод Андреева 15-солӣ аз озодӣ маҳрум шаванд.

Боздоштшудаҳо дар “Даъвати оммавӣ ба ғасби қудрат”, “Таъсис, роҳбарии гурӯҳи ифротӣ ё иштирок дар фаъолияти он” ва “Ташкили бетартибиҳои оммавӣ” муттаҳам мешаванд.

Ба ҷуз аз Илипбоев, боқии гумонбарон иттиҳом алайҳи худро рад мекунанд. Ҳомиёни ҳуқуқи Қазоқистон соли гузашта ин парвандаро "сиёсӣ" номида буданд.

Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон рӯзи 17 ноябри соли гузашта хабар дода буд, ки 7 нафарро бо гумони тарҳрезии "ошӯбҳои оммавӣ барои ғасби қудрат" дар рӯзи интихоботи пешазмуҳлати президентӣ боздошт кардааст.

Боздоштшудаҳо гӯё барои ҳамлаи мусаллаҳона ба ниҳодҳои давлатӣ омодагӣ медиданд.

XS
SM
MD
LG