Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонӣ аз тарҳи мусодираи дороиҳои Русия


Як кумитаи Cенати Амрико рӯзи 24-уми январ аз тарҳи қонун дар бораи мусодираи дороиҳои ҳабсшудаи Русия пуштибонӣ кард.

Дар сурати қабули ин тарҳ, Иёлоти Муттаҳида метавонад, дороиҳои ҳабсшудаи Русияро ҳамчун ҷуброни хушунати низомӣ ба Украина диҳад.

Тарҳи қонун "Санад дар бораи барқарории беҳбуди иқтисодӣ ва имкониятҳо барои Украина" ном дорад.

Акнун тарҳи мазкур барои баррасиву қабул ба маҷлиси умумии Cенат ворид карда мешавад ва сипас барои қабул ба палатаи намояндагон ирсол мешавад.

Дар сурати гузаштан аз палата барои имзо ба президенти ИМА ирсол мегардад.

Баъд аз ҷорӣ шудани таҳримҳои ИМА, кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо, Канада ва Ҷопон дар пайи ҳамлаи Русия ба Украина, дороиҳои Русия бо арзиши наздик ба 300 миллиард доллар ба ҳабс гирифта шуданд. Дороиҳои дар ИМА ҳабсшудаи Русия тақрибан 5-6 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Бештари дороиҳои ҳабсшудаи Русия дар Аврупо ҳастанд.

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ҳанӯз тартиби ҳуқуқии мусодираи онҳоро пайдо накардаанд, аммо дар пайи ҷустуҷӯи ин механизм ҳастанд.

XS
SM
MD
LG