Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тина Канделаки дигар ҳаққи сафар ба Қазоқистонро надорад


Сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон Айбек Смадяров рӯзи 22 январ гуфт, ки журналисти тарафдори сиёсати Кремлин Тина Канделаки барои изҳороташ ба ин кишвар ҳақи ворид шудан надорад. Канделаки дар як навиштааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ иддао кард, ки гӯё забони русӣ дар ин кишвари Осиёи Марказӣ табъйиз мешавад.

Канделаки аз нақшаҳои мақомот дар Қазоқистон танқид кардааст, ки номҳои истгоҳҳои қатори роҳи оҳанро аз русӣ ба қазоқӣ табдил додан мехоҳанд. Ин навиштаҳои ӯ боиси хашму ғазаби бисёриҳо дар Қазоқистон шуд, ки ба ин хабарнигор дар бораи як кишвари мустақил будани Қазоқистон ёдовар шудаанд.

Соли гузашта дар паи таҳдидҳои интернетии таблиғгари Кремлин Тигран Кеосаян ба Қазоқистон, вазорати умури хориҷӣ ӯро аз ҳақи вуруд ба ин кишвар мамнӯъ кард.

XS
SM
MD
LG