Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъват ба манъи ҳунарнамоии гуруҳи "Камизяки" дар Қазоқистон


Азамат Мусагалиев
Азамат Мусагалиев

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Қазоқистон даъват мекунанд, ки ба баргузории намоиши ҳаҷвнигори қазоқтабори Русия Азамат Мусогалиев ба далели баромадаш дар вилояти Донетск иҷозат дода нашавад.

Барномаи консертии Азамат Мусогалиев ва тими ӯ - "Камизяки" қарор аст, ибтидои моҳи октябри имсол дар шаҳрҳои Алмато ва Остонаи Қазоқистон баргузор шавад.

Қаблан Азамат Мусогалиев ба қисмати ишғолшудаи вилояти Донетски Украина аз сӯи Русия сафар карда, барои сарбозони рус барномаи консертиеро баргузор карда буд.

Ҳунарнамоии сарояндаи дигари рус Григорий Лепс ҳам дар Қазоқистон манъ шуда буд. Консерти Лепс моҳи июли имсол бояд дар шаҳри Конаеви вилояти Алматои Қазоқистон баргузор мешуд.

Хабари баргузории консерти сарояндаи рус дар миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Қазоқистон баҳсҳои тундеро ба миён оварда буд. Бештари онҳо ба баргузории консерти ҳунарманде, ки аз ҷанги зидди Украина пуштибонӣ мекунад, эътироз карда буданд.

XS
SM
MD
LG