Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон: "Хонаҳоро кофтанд, бархеро ба идораи пулис бурданд"


Мақомоти Қирғизистон рӯзи 16-уми январ хонаи журналистони мустақилро дар ин кишвар кофтукоб карда, бархеро ба идораи пулис бурдаанд.

Болот Темиров, хабарнигори таҳқиқгар, гуфт, ки маъмурони интизомӣ субҳи сешанбе ба хонаи ҳашт корманди ҳозира ва собиқи тарҳҳои Temirov LIVE ва “Айт Айт Десе” рафтанд.

Хонаи наътсарои мунтақиди ҳукумат Азамат Ишенбеков ва журналист Сафар Акунбековро ҳам кофтукоб кардаанд. Бар асоси таҳқиқи пешакӣ, Акунбеков ба “даъват ба беназмиҳои оммавӣ” гумонбар аст.

Журналисти мустақили нашрияи “Политклиника” Тинистан Асипбек низ боздошт шудааст.

Дилбар Олимова, раиси тарҳи “ПолитКлиника” дар як видео аз саҳнаҳои кофтукоб дар манзили Тинистан Асипбек хабар дод. Асипбек дар ин навор гуфт, кормандони ҳифзи қонун дар доираи парвандаи “беназмиҳои оммавӣ” ба хонаи ӯ омадаанд. Ҷузъиёти дигар маълум нест.

Ба иттилои хабарнигорони бахши қирғизии Радиои Озодӣ, кормандони ҳифзи қонун аз дафтари кории тарҳи Temirov LIVE таҷҳизотро бо худ бурда, дари ин расонаро бастанд. Муҳаббат Тоҷибекқизиро кормандони пулис бо худ бурданд.

Болот Темиров дар шабакаи “Х” навишт, инчунин, журналисти тарҳ Айке Бейшекеева ва собиқ корманди он Ҷоодар Бузумов “боздошт” шудаанд, вале тасдиқи ин хабар аз манбаъҳои мустақил феълан имкон надорад.

Журналистони боздоштшударо ба Сарраёсати тафтишоти ВКД Қирғизистон интиқол додаанд.

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон гуфт, дар матни журналистони тарҳҳои Temirov LIVE ва “Айт Айт Десе” мазмуни “даъват ба бетартибиҳои оммавӣ” ошкор шуд.

Маълум нест манзури тафтишот кадом мавод аст, вале ба гумони “итоат накардан ба намояндаи ҳокимият ва даъат ба беназмиҳои оммавӣ, ҳамчунин даъват ба хушунат нисбати шаҳрвандон” парванда боз шудааст.

Рӯзи 15-уми январ кофтукоб дар дафтари хабаргузории 24.kg низ ҷараён гирифт ва раҳбари кул Асел Оторбаева, сармуҳаррирон Антон Лимар ва Моҳинур Ниёзова ба бозпурсӣ ба КДАМ бурда шуданд. Онҳоро чун “шоҳид” аз рӯи парванда дар бораи “таблиғи ҷанг” дар Украина мепурсанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG