Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наҷоти шаҳрвандони Тоҷикистон аз сардӣ дар Қазоқистон


Маъмурони наҷоти Қазоқистон
Маъмурони наҷоти Қазоқистон

Дар ҳудуди вилояти Оқмолаи Қазоқистон 65 шаҳрванди Тоҷикистонро аз сардӣ наҷот додаанд.

Ба иттилои пулиси Қазоқистон, дар миёни онҳо чордаҳ зан ва як кӯдаки даҳсола низ ҳастанд.

Автобуси онҳо аз шаҳри Сургути Русия меомад ва дар роҳи Остона-Петропавловск вайрон шудааст.

Ҳодиса шаби 13 ба 14-уми январи имсол рӯй дод.

Пулиси Қазоқистон дар Телеграм навишт, муҳоҷиронро дар ҳоле наҷот доданд, ки ҳаво шабона дар ин минтақа то -26 дараҷа мерасад ва ҳаракати мошинҳо расман манъ гардидааст.

“Маъмурони пулис ҳамроҳи ронандагон нуқсони автобусро ёфтанд ва ҳамаро ба нуқтаи наздиктарини гарм дар шаҳри Оқкул бурданд. Шаҳрвандони хориҷӣ то боз шудани роҳ дар ҳамин ҷо хоҳанд монд,” -- гуфта шудааст дар хабарнома.

Мақомоти Қазоқистон пештар низ аз наҷоти муҳоҷирони кории тоҷику узбек аз сармо хабар дода буданд.

Муҳоҷирон мегӯянд, ба сабаби гарон будани нархи билети ҳавопаймо, гоҳе бо мошину автобус аз Русия ба ватан баргарданд.

XS
SM
MD
LG