Баъзе аз таҳлилгарон мегӯянд, вазъ на он таврест, ки созмони байнулмилалӣ арзёбӣ кардааст. Афроди дигар арзёбиҳои Дидбони Ҳуқуқи Башарро воқеӣ дониста, бар инанд, ки мақомоти Тоҷикистон беҳтар аст дар фикри ислоҳи вазъ шаванд.
Human Rights Watch рӯзи 11-уми январ дар гузориши нави худ гуфт, риояи ҳуқуқи мардум дар Тоҷикистон дар соли 2023 беҳтар нашуд ва зери по кардани он аз тарафи мақомот ҳамчунон идома ёфт.
Суҳайлӣ Қодирӣ, намояндаи Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, аз муҳтавои гузориши нав огоҳ нест, вале бо таваҷҷӯҳ ба таҷрибаи солҳои пеш арзёбиҳои чунин созмонҳоро "ғайривоқеӣ" медонад.
“Аксари ин гузоришҳо дар натиҷаи таҳлили маводи васоити ахбори омма хулосабарорӣ мешаванд. Вақте гап сари вазъи ҳуқуқи инсон дар ин ё он кишвар меравад, барои дуруст баҳо додан бояд тадқиқоти амалӣ дар ҳамон давлат баргузор карда шавад. Бояд намояндаи ҳамин ташкилот биояд, аз наздик бинад, назарсанҷӣ кунад, баъд хулоса кунад, ки вазъи ҳуқуқи инсон беҳтар шудааст ё бадтар”, - афзуд ӯ рӯзи 12-уми январ.
Намояндагони созмон мегӯянд, онҳо бар асоси далелҳои боварбахшу шикояти ҷабрдидаҳо ва наздикони онҳо ва ҳамчунин иттилои расонаҳо кор мекунанд.
Дар гузориши Human Rights Watch ҳамчунин таъкид шудааст, ки соли гузашта садоҳои мустақил ва мунтақиди ҳукумат дар Тоҷикистон ҳамчунон саркӯб шуданд, садҳо созмони ғайридавлатӣ ночор корро бас карданд, фаъолияти созмонҳои динӣ ё маҳдуд ва ё қатъ шуд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Аммо намояндагони мақомот қаблан баста шудани созмонҳои иҷтимоиро ба сабаби дубора ва саривақт сабтином накардан рабт дода буданд.
Бархе ҳуқуқшиносон дар умум арзёбиҳои нави Human Rights Watch-ро ба воқеият наздик медонанд. Шокирҷон Ҳакимов, доктори илми ҳуқуқ, ба Радиои Озодӣ гуфт, эродҳое, ки аз сӯи созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар гирифта шудаанд, асос дошта, беҳтар аст мақомот онро ҷиддӣ бипазиранду аз пайи ислоҳи вазъ шаванд.
“На танҳо онҳое, ки бо ҳар баҳона нисбаташон парванда оғоз кардаанд, мушкилоту муаммоҳое доранд, инчунин, дигарандешоне, ки аз арзишҳои демократӣ ҷонибдорӣ мекунанд, бе шуғли муайян ҳастанд. Ин аз муаммоҳои низоми сиёсӣ гувоҳӣ медиҳад. Ва нодида гирифтани чунин эродҳо ба манфиати давлатдорӣ нест. Яке аз шартҳои ташаккули афкори дурусти байнулмилалӣ маҳз ҳамин гуна гузоришҳо мебошад”, - шарҳ дод Шокирҷон Ҳакимов.
Дидбони Ҳуқуқи Башар гуфтааст, фаъолияти чанд ҳизбу ҳаракати сиёсӣ, ки ҳукумат онро таҳдид мешуморад, мамнуъ шуда, баъзе аз аъзои онҳоро мақомот бо зӯр аз хориҷ ба Тоҷикистон оварданд. Дар гузориш номи Ҳизби наҳзати исломӣ ва “Гурӯҳи 24” зикр шудааст. Додгоҳи олӣ онҳоро баъди соли 2014 "созмонҳои ифротгаро" номиду фаъолияташонро манъ кард.
Сайфуллоҳ Сафаров, муовини пешини раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ, мегӯяд, дар гузориши ин созмон омилҳое, ки метавонад ба амнияти кишвар хатар эҷод кунанд, ба назар гирифта нашудааст.
“Фарз кардем, дар масъалаи ҳизбҳои сиёсӣ, онҷо ба масъалаи Ҳизби наҳзати исломӣ ишора кардаанд. Бояд гуфт, масъалаҳое ҳастанд, ки аз лиҳози мавқеи давлат дар он ҷо баъзе ҷиноятҳо ошкор шудаанд ва маҳз аз рӯи ҳамон ҷиноятҳо маҳкум шудаанд. Нисбат ба дигар масъалаҳое, ки бардоштанд, боз ҳам ҳамин аст. Ё таҳдид ба амният аст, ё ягон кори дигар аст, махсусан дар масъалаи Бадахшон, дар масъалаи баъзе аз журналистон ва ғайраву ва ҳоказо”, -гуфт ӯ.
Дар гузориши солонаи Дидбони Ҳуқуқи Башар аз ҳуқуқи занону духтарон дар Тоҷикистон ҳам гуфтаанд, ки ба қавли муаллифон, ҳамчунон зиёд поймол мешавад ва ҳукумат ба ин масъала аҳамият намедиҳад.
Кумитаи кор бо занон ва оила гуфтааст, ки танҳо дар нимаи аввали соли 2023 ба марказҳои он бештар аз 1000 шикоят аз хушунати оилавӣ ва ё ҷабру зулм ба занону духтарон ворид шудааст.
Бори аввал нест, ки ҳукумати Тоҷикистон барои беэътиноӣ ба ҳуқуқи мардум, зери по кардани он аз тарафи созмонҳои байнулмилалӣ танқид мешавад.
Ҳарчанд мақомоти Тоҷикистон борҳо дар суҳбатҳои расмии худ чунин танқидҳоро беасос ва дур аз воқеият арзёбӣ кардаанд, солҳои охир ин гуна танқидҳо зиёдтар ва баландтару бештар садо медиҳанд.
Гуфтугӯ