Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тайван президенти ояндаро интихоб мекунанд


Овоздиҳӣ дар шаҳри Тайпеи Тайван. 13 январ
Овоздиҳӣ дар шаҳри Тайпеи Тайван. 13 январ

Дар Тайван рӯзи 13 январ интихоботи президентӣ ҷараён дорад ва натиҷаи он на танҳо исми раҳбари нав, балки муносибатҳои ояндаи онро бо Чин маълум хоҳад кард. Чин Тайванро қаламрави худ меномад.

Барои мақоми раҳбарии ин кишвар се номзад - Лай Тсиндэ аз ҳизби ҳокими Демократии рушд, Хоу Юи аз ҳизби Гоминдан ва шахси мавриди ҳимояти Чин ва Кэ Вэнчжэ аз Ҳизби мардумии Тайван мубориза мебаранд. Аз рӯи пурсишҳои ахири афкори умум, Лай Тсиндэ шанси бештари бурдани интихоботро дорад.

Вале ҳеҷ як номзад нагуфтааст, ки истиқлолияти Тайван ваё ба Чин пайвастани ҷазираро эълон хоҳад кард. Ҳизби ҳоким ва ҳам раҳбаронаш гуфтаанд, ки истиқлолияти Тайван муддатҳо пеш эълон шудааст ва дигар такрор кардани он зарур нест. Чин номзади президентӣ Лайро “як ҷудоиталаби хатарнок” номидааст.

Лай гуфтааст, равобити кишвараш бо Чин бояд “дӯстона” бошад, вале айни замон, барномаҳои дифоии ҷазирақаламравро тақвият медиҳад.

Як мусоҳиби оҷонсии Рейтер дар Кохи Сафед гуфтааст, ки новобаста ба натиҷаҳои интихобот сиёсати ИМА нисбати Тайван бетағйир мемонад ва равобити ғайрирасмӣ ҳифз хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG