Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тарҳи бузург"-и Чин барои Тоҷикистон ва ҳамсояҳояш чист?


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои чинияш Си Ҷинпин
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои чинияш Си Ҷинпин

Пекин дар пасманзари вобастагии ҳарчи бештари Маскав аз он дар мавриди тарзи нави ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ мегӯяд.

Си Ҷинпин, раисҷумҳури Чин, дар як паёми табрикӣ ба муносибати ҷашни Наврӯз сарони кишварҳои Осиёи Марказиро ба сафари давлатӣ ба Пекин барои дидори дуҷониба ва иштирок дар нишасти "Чин-Осиёи Марказӣ" даъват кард. Нишаст дар моҳи майи имсол баргузор хоҳад шуд. Дар номаи шодбошӣ гуфта шудааст, ки ҳангоми нишаст "тарҳи бузург" баррасӣ хоҳад шуд.

Тарзи нави ҳамкории раисҷумҳури Чин бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар пасманзари ҷанги Русия бо Украина мавриди таваҷҷуҳи доираи коршиносӣ қарор гирифтааст. Хусусан пас аз сафари серӯзаи Си Ҷинпин ба Маскав, ки боис ба гуфтугӯҳои бештаре дар мавриди афзоиши вобастагии Маскав аз Чин шудааст.

Дар ҷустуҷӯи амният

Си Ҷинпин ва раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ. Акс аз бойгонӣ
Си Ҷинпин ва раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ. Акс аз бойгонӣ

"Возеҳ аст, ки ин шакли ҳамкорӣ – тавассути нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва роҳбари Чин, Пекин ҷиддан мехоҳад кишварҳои моро аз роҳҳои гуногун ба тарафи худ бикашад. Соли 2019 Чин шакли ҳамкории С+С5 (Чин+Осиёи Марказӣ)-ро рӯи даст гирифт. Ин як созукори суннатӣ буд, ки дар он ниҳодҳои умури хориҷӣ иштирок доштанд. Ҳоло ин гуна дидорҳо дар сатҳи баландтарин баргузор хоҳанд шуд,” -- мегӯяд Руслан Изимов, коршиноси маркази омӯзиши Чин ва Осиёи Марказӣ дар Қазоқистон.

Ба гуфтаи ӯ, Пекин талош дорад аз вуқӯи бесуботӣ дар вилояти Шинҷон пешгирӣ кунад ва барои ҳифзи суботу ҳимояти низомҳои сиёсии кишварҳои Осиёи Марказӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад.

“То ҳудуде ба ин далел аст, ки шакли нави нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин рӯйи даст гирифта шудааст. Дар ҳамин чаҳорчӯб метавон интизор дошт, ки Чин рӯи боло бурдани таҷрибаи худ дар Осиёи Марказӣ ҳисоб мекунад,” -- мегӯяд Изимов.

Дар мавриди ҳимоят аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва таъмини ҳаққи ҳокимият ва рушди миллии онҳо дар баёнияи муштараки Владимир Путин ва Сӣ Ҷинпин дар поёни сафари Сӣ ба Русия низ таъкид шуд.

“Ҷонибҳо омодаи таҳкими ҳамоҳангӣ дар заминаи ҳимояти ҳаққи ҳокимият ва рушди миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ буда, талош барои ворид кардани “инқилобҳои ранга” ва дахолати хориҷӣ дар умури минтақаро намепазиранд”, - гуфта шудааст дар ин санад.

Тибқи арзёбии коршиносон дар ҳар панҷ кишвари Осиёи Марказӣ низомҳои худкома сари қудратанд, ки қонуни асосӣ ҳамеша бар нафъи роҳбарони иқтидоргаро тағйир меёбад. Созмонҳои байнулмилалии ҳуқуқи инсон ва кишварҳои ғарбӣ ин кишварҳоро ба далели нақзи ҳуқуқи инсон ва озодии сухан танқид мекунанд. Пекин, ки шарики роҳбурдии ҳамаи кишварҳои минтақа аст, ҳимояти мутлақ ва роҳ надодани “инқилобҳои ранга” дар ин кишварҳоро эълон мекунад. Маскав ҳам мавқеи мушобеҳе дорад.

Зери чатри шарик

Бо ин ҳол, коршиносон ҳанӯз барои гуфтани он ки Осиёи Марказӣ минтақаи воҳиде барои манофеи муштараки Пекин ва Маскав бошад, зудҳангом медонанд.

Парвиз Муллоҷонов
Парвиз Муллоҷонов

Сиёсатшиноси мустақил Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, бо дар назардошти боло рафтани вобастагии иқтисодӣ ва сиёсии Маскав аз Пекин, Кремл эҳтимол дар оянда ҳам ба нақши рӯ ба афзоиши Чин дар Осиёи Марказӣ чашмпӯшӣ мекунад. “Шояд ҳатто агар Чин дар ояндаи наздик аз мустақар кардани пойгоҳи низомӣ дар Осиёи Марказӣ хабар диҳад, Маскав бо ин иқдом розӣ мешавад, чун гузинаи дигаре надорад,” -- мегӯяд коршинос.

Ба қавли ӯ, ба эҳтимоли зиёд, ҳанӯз дар Пекин тасмими истифода аз ин фурсат гирифта нашудааст.

Тибқи навиштаи пойгоҳи хабарии “People’s Daily”, Чин дар соли 2020 дар кишварҳои Осиёи Марказӣ 40 миллиард доллар сармоягузорӣ кардааст, ки 21,4 миллиард аз он вориди Қазоқистон шудааст. Дар охири соли 2021 дар Осиёи Марказӣ 7700 ширкати чинӣ фаъолият кардааст.

Сӣ Ҷинпин моҳи январи соли 2022 ҳангоми дидор бо роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфт, ки гардиши молу коло бо кишварҳои минтақаро то 70 миллиард доллар хоҳад расонд.

Минтақа ҳамчун роҳрави ҷойгузин

Ба гуфтаи коршиноси Руслан Изимов, Чин аз ҷанги Русия дар Украина нафъ мебарад аз сӯи дигар масирҳои ҳамлу нақли шимолии ӯ масдуд ё маҳдуд шуданд, ки онро маҷбур месозад ҷойгузинҳои навро ҷустуҷӯ кунад, ки дар ин ҷиҳат манофеаш бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамхонӣ дорад.

“Тарҳи роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Узбекистон ба марҳилаи амалӣ расид. Дар ин ҷо ҳанӯз чизе гуфтан душвор аст, аммо роҳ сохта мешавад. Инчунин роҳи оҳани сеюм дар марзи Қазоқистон ва Чин сохта мешавад, ки бешак гардиши молу колоро дар қаламрави Қазоқистон ба таври чашмрас боло мебарад. Ташдиди муносибат байни Амрико ва Чин омили дигар амалӣ шудани хатсайри сеюм хоҳад шуд. Эҳтимоли муноқиша атрофи Тайван афзоиш меёбад, ки боис ба нопойдор шудани тамоми масирҳои воридотии баҳрии Чин мегардад,” -- мегӯяд Руслан Изимов.

Дар радабандии ширкати тайвании “DoubleThink Lab” дар мавриди таъсири Чин бар шарикони худ Қирғизистон бо гирифтани мақоми 8-ум ва Тоҷикистон мақоми 9-ум дар садри ҷадвал ҳастанд. Пас аз онҳо Қазоқисон (15-ум), Узбекистон (24-ум) ва Туркманистон дар мақоми 24-ум омадаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG