Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлагари машҳури дастаи "Помир"-и Душанбе аз олам даргузашт


Вазген Манасян
Вазген Манасян

Собиқ ҳамлагари машҳури дастаи «Помир»-и Душанбе ва мураббии тими миллии футболи Тоҷикистон Вазген Манасян пас аа бемории тӯлонӣ дар синни 66-солагӣ аз олам даргузашт.

Дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯзи 9-уми январ хабар додааст.

Вазген Манасян 13-уми марта соли 1958 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст.

Устоди варзиши СССР Вазген Манасян солҳои 1980-1992 дар дастаи “Помир”-и Душанбе бозӣ кардааст. Дар ин муддат ӯ дар ҳайати ин дастаи машҳур 425 бозӣ карда, 123 гол задааст.

Манасян соли 1986 дар бозиҳои лигаи якуми Иттиҳоди Шӯравӣ 27 гол ба самар расонида, беҳтарин нишонзани мусобиқот эътироф гардидааст.

Манасян соли 1992 дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон як бозӣ кардааст.

Вай аз соли 2013 то 2015 ёвари сармураббии тими миллии Тоҷикистон буд.

Вазген Манасян дар давраи фаъолияти худ ҳамчун футолбоз соли 1992 дар мусобиқоти қаҳрамонии Русия дар дастаи "Зенит"-и Санкт-Петербург бозӣ карда, 4 гол задааст. Инчунин ӯ бозигари дастаҳои Украина - “Нива" ва “Ворскла” буд.

Манасян дар бошгоҳҳои футболи Русия - "Волочанин-Ратмир" ва "Новороссийск" (ҳоло - "Черноморетс") , «Стал» (Днепродзержинск), инчунин«Локомотив» (Тошканд) ба ҳайси мураббӣ фаъолият дошт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG