Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ қирғизистониро баъди заминларза ба ҷои амн кӯчондаанд


Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон рӯзи 2-юми январ гуфт, шаҳрвандони ин кишвар дар заминларзаи Ҷопон осеб надидаанд. Аммо панҷ қирғизистонӣ аз шаҳри Тояма - наздик ба маркази заминларза - ба ҷои амн кӯчонида шудаанд.

Бино ба хабарҳои охир, дар натиҷаи заминларзаи рӯзи 1-уми январ дар Ҷопон 64 кас кушта шудааст. Шумориши аввалия нишон додааст, ки қариб ҳазор бино вайрон шудааст.

Заминларзаи охир аз соли 2016 ба ин тараф пурқорбонитарин заминларза дар Ҷопон будааст.

Рӯзи чаҳоршанбе дар минтақаҳои аз заминларза зиёндида борони сахт боридааст. Ин борон метавонад, боиси лағзиши замин гардад ва корҳои ҷустуҷӯиро барои наҷоти одамон душвортар гардонад. Кумак ба зарардидагонро ҳамчунин вайроншавии роҳҳо ва зерсохторҳо мушкилтар кардаанд. Миқёси зарар ва шумори умумии кушташудаҳо ҳанӯз дақиқ нашудааст, менависанд хабаргузориҳо.

Мақомоти Ҷопон рӯзи 1-уми январ пас аз чанд заминларзаи шадид, ки қувваи яке аз онҳо ба 7.6 дараҷа мерасид, аз эҳтимоли сар задани сунамӣ ҳушдор доданд. Дар Владивостоку Хабаровски Русия ва ҷазираи Сахалин низ хатари сунамӣ эълон шудааст.

XS
SM
MD
LG