Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргириҳои сахт дар ҷануби Ғазза идома дорад


Хон Юнус. Акс аз 25-уми декабри соли 2023
Хон Юнус. Акс аз 25-уми декабри соли 2023

Ба гузориши "Ассошиэйтед Пресс", рӯзи 2-юми январ дар шаҳри Хон Юнус дар ҷануби Навори Ғазза даргириҳои сахт ҷараён дорад. Задухурдҳо як рӯз пас аз он шиддат гирифт, ки Исроил гуфт ҳазорон низомиёни худро аз қисмати дигари Ғазза берун мекунад.

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, қавл додааст, ки то маҳви “Ҳамос” ва озодии беш аз 100 гаравгон, ки ҳанӯз дар асорати ин гуруҳи тундрав ҳастанд, ба ҷанг идома хоҳанд дод. Мақомоти исроилӣ мегӯянд, ҷанг дар Ғазза мумкин аст моҳҳо тӯл кашад.

Дар остонаи сафари котиби давлатии Амрико Энтони Блинкен ба минтақа, Исроил зери фишори зиёди байнулмилалӣ мондааст, то амалиёти низомиро дар Ғазза камтар кунад.

Блинкен аз Исроил хостааст, барои муҳофизати ғайринизомиён дар Навори Ғазза чораи бештар андешад.

Ҷанг дар Навори Ғазза пас аз он оғоз шуд, ки гурӯҳи тундрави “Ҳамос” дар як ҳамлаи бесобиқа ба Исроил рӯзи 7-уми октябр 1200 нафарро кушт ва 240 нафарро гаравгон гирифт.

Вазорати тандурустии Ғазза мегӯяд, дар пайи ҳамлаҳои Исроил дар тақрибан се моҳи охир зиёда аз 21 ҳазор фаластинӣ кушта шуданд. Ин идора зери назорати “Ҳамос” аст.

Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гурӯҳи “Ҳамос”-ро созмони террористӣ медонанд

XS
SM
MD
LG